“Пойафзол медузем, пойафзол…”.

Зане бо чунин нидои баланд муштарӣ мекофт. Растаи пойафзолдӯзони шаҳри Бохтар аз одам пур буд. Ба сӯи овоз рафтам ва занеро дидам, ки пойафзол медухт. Бо ин зан, ки ягона зани пойафзолдуз дар ин шаҳр буд, суҳбат кардам…

Дирафш аз мех

Шамъигул Амруллозода 32-сола аст. Ӯ дар растаи пойафзолдӯзони шаҳри Бохтар ягона зан мебошад, ки ба ин кор машғул аст. Қаҳрамони мо дар Кушониён, ноҳияи наздик ба маркази вилояти Хатлон, зиндагӣ мекунад. Касби пойафзолдӯзиро ҳанӯз дар синфи 4-ум хонданаш омӯхтааст, чун ин касбро дӯст медоштааст.

“Ба ин касб шавқ доштам. Ҳамсоямон ин корро мекард. Ба ӯ гуфтам ба ман омӯз. Аввал розӣ нашуд. Як рӯз пойафзоли худамро бурдам. Чанд рӯз рафтам, надӯхтааст. Сабабашро пурсидам, гуфт “дирафшам шикаст”. Хона омадам ва бо мех як дирафш омода карда, пойафзоли худамро дӯхтам”.

Норозигии хонавода

Ҳарчанд қаҳрамони мо ин касбро омӯхта буд, аммо то аз шавҳар ҷудо шудан ягон-ягон пойафзол медухт. Асосан рафидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва курпадӯзӣ мекард ва даромадҳои аз ин ҳисоб ба даст овардаашро барои рӯзгор харҷ мекард.

“Аввал мевагӣ мефурӯхтам. Зимистон меваҳоро сардӣ аз байн бурд. 2500 сомониям сӯхт. Баъд ин ҷо омадам. Хонагиҳо розӣ набуданд. Гуфтанд дар он раста ҳама мард аст, чӣ кор мекунӣ? Гуфтам ҳеҷ гапе не. Беш аз ду моҳ аст, ки ҳаминҷоям”.

Фарзандон ва кӯмаки ҳамкорон

Нархи духти як пойафзол 10 сомонӣ аст ва қаҳрамони мо кӯшиш мекунад, ки аз ин ҳисоб худ ва фарзандонашро таъмин созад. Шамъигул Амруллозода се писар дорад, ки калони 6 миёна 4 ва хурдӣ 2 сол доранд. Ӯ аз сабаби оне, ки барои бурдани фарзандон ҷойе надошт, пас аз шавҳар ҷудо шудан танҳо писари калониашро бо худ ба хонаи падар мебарад. Писарони хурдияш ҳамроҳи падар ҳастанд, вале ӯ мехоҳад онҳоро ба назди худ биёрад.

“Ҳамкорон кӯмак мекунанд. Агар ширеш нарасад, дирафш шиканад ба онҳо муроҷиат мекунам. Ба 1200 сомонӣ як мошинаи пойафзолдӯзӣ харидам. Хуб кор накард, бурда супоридам ва ба наздикӣ мошинаи нав мехарам. Ҳозир бо мошинаи инҳо кор мекунам”.

Дар кишвар сол ба сол шумораи оилаҳои пошхӯрда зиёд мешавад. Қаҳрамони мо ба ҳама мушкилиҳои ба сараш омада меҳнатро пешаи худ карда, ба ояндаи нек умед мебандад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь