Бо мақсади ҳифзи табиати зист ва ҳайвонҳои нодири водии Яғноб ин минтақа парки миллӣ эълон шуд. Бахшида ба кушодашавии парки миллӣ дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и ноҳияи Айнӣ дар водии Яғноб чорабинӣ баргузор гардид.
Водии Яғноб дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷойгир буда сокинони ин минтақа бо забони қадимаи суғдии яғнобӣ ҳарф мезананд.
Сокинон аз эълон гардидани ин минтақа ҳамчун парки миллӣ шод гашта, умед бар он доранд, ки водии Яғноб, ки ҳамчун чарогоҳ истифода мешуд, баъд аз ин ба минтақаи сайёҳӣ табдил меёбад.
Блоки рекламавӣ