26-уми феврали соли 2022 аз наслкушии нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, ҳангоми таҷовузи Арманистон алайҳи Озарбойҷон, дар Хоҷалӣ 30 сол пур мешавад.

Яке аз ҷиноёти сангине, ки дар тӯли даҳсолаҳои таҷовузи Арманистон бар Озарбойҷон алайҳи мардуми осоишта содир шудааст ва фоҷиабортарин саҳифаи ҷанги якуми Қарабоғ тахриби шаҳри Хоҷалӣ ва нобудии сокинони он буд. Қабл аз муноқиша дар Хоҷалӣ, воқеъ дар минтақаи Қарабоғи Озарбойҷон, беш аз 7000 нафар зиндагӣ мекарданд.

Аз октябри соли 1991 ин шаҳр пурра аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон муҳосира шуда буд. Дар пайи ҳамлаҳои густурдаи тӯпхона дар шаби 25 ба 26-уми феврали соли 1992 нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон бо дастгирии полки 366-уми мототирандозии собиқ СССР, ки аксарияташон арманиҳо буданд, Хоҷалиро ишғол карданд. Истилогарон ахолии осоиштаи шаҳрро бо ваҳшонияти махсус қатли ом карданд.

5379 нафар сокини шаҳр ба зӯр аз хонаҳояшон ронда шуданд. 613 нафар, аз чумла 63 кудак, 106 зан ва 70 солманд ваҳшиёна кушта шуданд. 1275 нафар асиру гаравгон ва шиканҷа шуданд, 487 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Сарнавишти 150 нафар, аз ҷумла 68 зан ва 26 кӯдак, то ҳол маълум нест. 8 оила тамоман нобуд шуданд. 130 кудак аз яке аз волидон ва 25 кудак аз падару модари худ махрум шуданд.

Қатли аҳолии осоишта дар Хоҷалӣ, новобаста аз синну сол ва ҷинс, бар пояи сиёсати кинаву адовати қавмӣ ва табъизи миллӣ нисбат ба озарбойҷониҳо, ки дар сатҳи давлатӣ дар Арманистон пеш гирифта мешуд, асос ёфтааст. Ин боиси он гардид, ки одамони бегуноҳ танҳо аз рӯи мансубияти этникӣ кушта шуданд. Ҷиноятҳои дар Хоҷалӣ содиршуда ба як ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати хушунати мунтазами Арманистон алайҳи озарбойҷониҳо табдил шуданд.

Куштори Хоҷалӣ ва дигар ҷиноятҳое, ки Арманистон дар давраи таҷовуз ба Ҷумҳурии Озарбойҷон содир кардааст, аз ҷумлаи ҷиноёти ҷангӣ, ҷиноёти алайҳи башарияту наслкушӣ, нақзи ҷиддии ҳуқуқи башару ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ аст. Ба инҳо Конвенсияи пешгирӣ ва ҷазо додани ҷиноятҳои наслкушӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъизи нажодӣ ва дигар конвенсияҳои байналмилалӣ шомил мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир маҷлисҳои қонунгузори миллии 17 давлат, 24 иёлати ИМА, инчунин Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони кишварҳои туркӣ бо дарназардошти куштори мардуми осоишта дар Хоҷалӣ қарору фармонҳои зиёде қабул карда, онро наслкушӣ ва кирдори ҷинояткоронаи зиддиинсонӣ арзёбӣ кардаанд.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар қарори худ аз 22 апрели соли 2010 рафтори омилони ваҳшоният дар Хоҷалиро ҷиноятҳои ҷангӣ ё амалҳои махсусан вазнини баробар ба ҷиноятҳои зидди башарият арзёбӣ кардааст.

Тибқи қонунҳои байналмилалӣ, давлат муваззаф аст, ҷиноятҳое, аз қабили ваҳшонияти нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар Хоҷалиро таҳқиқ кунад ва омилони онро муҷозот кунанд, аммо то кунун ҳеҷ яке аз масъулони ҷиноятҳои дар Хоҷалӣ содиршуда аз ҷониби Арманистон ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Вазири вақти дифоъ ва президенти собиқи Арманистон Серж Саркисян, ки дар мусоҳиба бо хабарнигори бритониёӣ Томас де Ваал ба гуноҳаш иқрор шуд, гуфт: “Пеш аз Хоҷалӣ озарбойҷониҳо фикр мекарданд, ки арманиҳо қодир нестанд ба муқобили мардуми осоишта даст бардоранд. Мо ин стереотипро шикастем». (Томас де Ваал, Қарабоғ: Арманистон ва Озарбойҷон дар роҳи сулҳ ва ҷанг, Ню-Йорк ва Лондон, нашрияи Донишгоҳи Ню-Йорк, 2003, саҳ. 172).

Ҳадафмандона ба нишон гирифтани мардуми осоиштаи озарбойҷонӣ дар амалиёти низомии Арманистон аз 27 сентябр то 10 ноябри соли 2020 идома ёфт. Арманистон, аҳолии осоишта ва инфрасохтори ғайринизомии шаҳрҳои Озарбойҷон, аз қабили Ганҷа, Барда, Тертер, ки дар фосилаи зиёде аз хатти ҷабҳа қарор доштанду дар он ҷо амалиёти ҷангӣ ҷараён надошт, ҳадафмандона  ба нишон гирифта аз тактикаи террористӣ, ки соли 1992 сурат гирифта буд, истифода кард. Ин дафъа Арманистон бо истифода аз навъҳои замонавии аслиҳа, мушакандозҳо ва лавозимоти ҷангӣ бори дигар мардуми осоиштаи Озарбойҷонро ҳадаф қарор дод.

Ҷумҳурии Озарбойҷон бар ин назар аст, ки тадбирҳои дар сатҳи миллӣ андешидашуда, инчунин дар чаҳорчӯби қонунҳои мавҷудаи байналмилалӣ, барои хотима додан ба беҷазоӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ҷиноятҳои вазнин дар давраи таҷовузи Арманистон алайҳи Озарбойҷон хидмат хоҳанд кард.

Мо хотираи қурбониёни наслкушии Хоҷалиро гиромӣ медорем. Худо раҳмат кунод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь