Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо пахши як изҳорот аз вазъияти дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бамиёномада изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин бора 29 апрел дафтари матбуоти ин вазорат иттилоъ пахш намуд.

Дар изҳороти мазкур гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тезутунд шудани вазъият дар марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки боиси талафоти ҳарду ҷониб шудааст, амиқан ибрози ташвиш менамояд.

“Мо аз тарафҳо даъват мекунем, ки ба даргириҳо фавран хотима бахшанд, барои ба эътидол овардани вазъият чораҳои муштарак биандешанд ва аз амалҳое, ки боиси афзоиши минбаъдаи танишҳо мешавад, даст кашанд”, омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Дар ин изҳорот боз тазаккур ёфтааст, ки имрӯзҳо ҳамаи масъалаҳо ва мушкилоти мавҷуда бояд танҳо аз роҳи музокирот ва машваратҳо дар руҳияи муносибатҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоядории нек ва шарикӣ ҳал карда шаванд ва ин  хоси халқҳои дӯст ва бародари Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар навбати худ ибрози омодагӣ намудааст, ки барои ҳарчи зудтар ҳал кардани вазъияти ногувори баамаломада ҳамаҷониба кумак мерасонад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь