Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, шанбеи охири ҳафта, 4-уми июн, аз ҷониби мақомоти қудратӣ боздошт ва тӯли 5 соат бозпурсӣ шуд. Ин қазия, ки пас аз сабти барномаи “Қабулгоҳ” дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур дар Душанбе рух дод ва дар натиҷа, ба гуфтаи худаш, кормандони мақомоти қудрати ӯро “як мушт ва се шаппотӣ” заданд, дар ду рӯзи ахир вокунишҳои зиёди ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва фаъолони шаҳрвандиро дар пай овард. Дар ин ҳол, зуҳри имрӯз, 6-уми июн, Изҳороти муштаракаи созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар пайи қазияҳои ахири ҷомеаи рӯзноманигорӣ дар кишвар ба нашр расид, ки ин амалро шадидан маҳкум карда, изҳори нагаронӣ мекунанд.

Дар зери он Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Созмони ҷамъиятии “Хома”, Созмони ҷамъиятии “Машварати расонавӣ”, Медиа Алянси Тоҷикистон, Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, Рӯзномаи “Садои мардум”, ҳафтаномаҳои “Минбари халқ” ва “СССР” имзо гузоштаанд.

Дар ин изҳорот, созмонҳои рӯзноманигорӣ латукӯб, фишору зери таҳдид пок кардани чанд матлаби рӯзноманигор ва блогнависи мустақил Далери Имомалиро аз сӯйи мақомоти гуногуни давлатӣ маҳкум карда, изҳори нагаронӣ менамоянд.

Ҳамзамон, қазияҳои ахири ба сари рӯзноманигорон омада, аз ҷумла лату кӯби хабарнигори Радиои “Озодӣ” – Муллораҷаб Юсуфзода, монеъ шудан ба фаъолияти касбии хабарнигорони дигари ин расона – Барот Юсуфӣ, Анушервон Орифов, Саид Исамов ва аз онҳо мусодира кардани телефону дастгоҳҳои наворбардорӣ, қазияи ба сари хабарнигори “Азия-Плюс” Рамзия Мирзобекова омада, дар ин изҳорот таъкид ва маҳкум карда мешавад.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ бар инанд, ки Тоҷикистон дар қонунгузории худ, аз ҷумла Конститутсия озодии баёнро замонат (кафолат) дода, сензура, аз ҷумла сензураи давлатиро манъ кардааст ва нораво медонад. Ҳамчунин, қонунгузории Тоҷикистон монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигориро ҷиноят эътироф карда, барои содир шудани он ҷазо пешбинӣ намудааст.

Аз он ҷумла, дар ин изҳорот аз моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  “Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон” ёдоварӣ мешавад, ки то 5 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ бар инанд, ки дар бунёди Тоҷикистони навин ҳамаи шаҳрвандони давлат ва ниҳодҳои Тоҷикистон саҳми баробар доранд ва “масъалаи иштироки ҳамаи онҳо дар ин раванд бояд танҳо ва танҳо дар доираи қонун таъмин ва танзим шавад”.

Бо нашри ин изҳороти муштарак ва баёни нигаронӣ созмонҳои рӯзноманоманигорӣ зарур меҳисобанд, ки фишору таҳдид ва таъқибу лату кӯби журналистон дар Тоҷикистон бас карда шавад ва мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қонунгузории кишварро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя кунанд ва худи онҳо ба ин қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.

Дар ин изҳорот таъкид мешавад, ки омилони лату кӯби ахири рӯзноманигорон Муллораҷаб Юсуфзода ва Далери Имомалӣ пайдо ва мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ талаб доранд, мақомоти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қазияҳои рӯзноманигорон, хусусан шикоятҳои онҳо дар мавриди лату кӯб, фишору таъқиб ва монеъи фаъолияти касбӣ шудан, ҷиддӣ бархӯрд кунанд ва омилони онҳоро пайдо ва ба ҷомеаи муаррифӣ намоянд.

Онҳо ин гуна фишору таъқиб, лату кӯб ва монеъ шудан ба фаъолияти расонаҳо ва рӯзноманигоронро хилофи манфиатҳои миллии кишвар медонанд ва қазияи ахири гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”-ро, ки дар пайи фишорҳои мақомот ва бо хатари баста шудан аз бозтоби рӯйдодҳои вобаста ба ВМКБ даст кашиданд, маҳкум мекунанд.

Ниҳодҳои журналистӣ қазияҳои вақтҳои ахирро фишор ба озодии баён ва расонаҳову рӯзноманигорон ҳамчун меъёри конститутсионӣ дар Тоҷикистон дониста, идомаи ёфтани онро ба зарари ҷомеаи Тоҷикистон меҳисобанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар моҷарои даст бардоштани намояндаи мақомоти давлатӣ дар дурӯзаи ахир ба Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери мустақил, вокунишҳои зиёдеро кошта буданд ва талаб доштанд, ки “ӯ расман бахшиш бипурсад”.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи кишвар, ин ҳолро шадидан маҳкум карда, аз ҳукумати марказӣ ва мақомоти кишвар талаб кард, шиканҷакардаи Далери Имомалӣ ҳатман муҷозот гардад.

– Ба ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ному насаби ин “қаҳрамон” аллакай маълум аст. Дар доираи кадом қонун ҳазф кардани навори Далери Имомалӣ аз саҳифаи Ютуби ӯ бояд мавриди баррасии ҷиддӣ қарор бигирад, чунки ҳатто прокурори камсавод ҳам бояд донад, ки, ҷуз суд, ҳеч кас ин ҳақро надорад, – навишт ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш.

Хуршед Атовулло, журналист ва сарвари расонаҳои МТЖТ, таъкид кард, ки “ман бо туям, Далер, вақти нанг аст, ҳамқаламон, бедор шавед!”.

Ҷони Сафарзода, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, бо ҳамраъйӣ ба қазияи Далери Имомалӣ гуфт, задани шаппотӣ ба як журналист – шаппотӣ ба ҳамаи журналистони Тоҷикистон аст.

– Бояд раиси ҳукумати ин ноҳия бахшиш пурсида, ба истеъфо равад, – гуфт Сафарзода.

Абдураҳим Умариён, журналисти тоҷики муқими Амрико, дасти ба сӯи журналист бардоштаро шадидан маҳкум карда, навишт, “манфиати шахсии афроди алоҳидаи мансабдор манфиати давлату миллат набуду нест: Интиқоди афроди алоҳидаи мансабдор ва фошкории аъмоли нописанди онҳо низ маънии душманӣ ба давлату миллатро надорад. Худсарӣ, дасисабофӣ, тӯҳматпароканиву таҳдиду таҳқири як шаҳрванд аз ҷониби намояндаи макомотӣ давлатӣ иснод ба номи давлату ҳукумат аст. Агарчи касбияти матолиби Далер ҷойи баҳсро дорад, боз ҳам ин гуна сурат гирифтани бархӯрд бо ӯ оқилона нест”.

Афшини Муқим, журналист ва сухангӯи Кумитаи дин низ ҳар гуна фишори ноҷоро маҳкум карда, гуфт, “Далер ба танҳоӣ кореро анҷом медиҳад, ки баъзан онро мо аз як расонаи миллӣ интизорем”.

Дар ин баробар, Орзу Исо, рӯзноманигор ва шоири шинохтаи кишвар, гуфт, “аз кулли ақшори осебпазир феълан ман қишри рӯзноманигоронро мебинам, ки аз ҳимоят баҳраманд нестанд”.

Ӯ навишт, бо ин ҳама мушкил ҷарақаи умед ҳанӯз дар бархӯрди мардум ҳис мешавад. Вобаста ба қазияи Далери Имомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфу садоҳо зиёданд. Ман имрӯзҳо мебинам, ки як рӯзноманигор ё як блогер бартар аз як масъулини риштаи иҷтимоъ ба мардуми тавонталаб расидагӣ мекунад.

Далери Имомалӣ пас аз ду гузориши ахираш аз тахриби хонаҳои сокинон дар ноҳияи Шоҳмансур дар Душанбе боздошт шуд ва, ба гуфтаи худи рӯзноманигор, мавзӯи сӯҳбати мақомот низ он гузоришҳо буд. Ӯ дар як навор дар канали ютубиаш дар ин бора хабар дода, мушаххасан аз ягон мақомот ном набурд, вале гуфт, дар вақти бозпурсиаш намояндагони чанд ниҳод ширкат доштанд.

Мақомот то ин дам ба ин қазия чизе нагуфтанд.

Ба гуфтаи Далери Имомалӣ, дар ин пурсиш лаҳни гуфтори як корманди мақомот хуб набуд ва дар оғози сӯҳбат ба ҷониби ӯ даст бардошт. Рӯзноманигор аз ин шахс ном набурд, вале гуфт, “дар лаҳзаҳое, ки маро шаппотӣ мезад, соати дасти зананда шикаст. Ӯ даъво кард, ки гӯё соаташро ман шикастаам ва хост, гурӯҳи зудамалро даъват кунанд. Ман гуфтам, коре накардам, баръакс, Шумо маро задед”.

– Ҳамон лаҳза гуфт, ки чӣ далел дорӣ, ки мо ба сари ту даст бардоштем. Ду шоҳид гуфтанд, туро касе назадааст. Гуфтам, ин утоқи кории Шумо аст, ман ҳеч далел надорам ва ҳоло ҳам ҳеч далел надорам, ки ӯ чанд шаппотӣ ё мушт зад. Вале ман гуфтам, ки ин хуб нест, биёед, инсофан сӯҳбат кунем, мо дар ҳамин ҷо ҳастем ва ягон террористу экстремист нестем, – афзуд рӯзноманигор.

Далери Имомалӣ гуфт, дар ин робита то ҳол ба ягон бемористон нарафтааст ва ташхис низ нагузаронидааст, вале то як муддати аз пахши гузоришҳояш дар Ютуб худдорӣ мекунад.

Ин журналист ва блогери тоҷик бори дуввум аст, ки аз ҷониби мақомот боздошт мешавад. Аз ин пеш ҳангоми таҳияи гузориш дар шаҳри Ваҳдат бозпурсӣ шуда буд.

Ӯ то ин дам журналисти радиои “Имрӯз” ва “Ватан” буд ва барномаҳои “Барои ҳам”, “Ҳарфи шумо”, “Пресс-клуб” ва “Шабдарав”-ро пешбарӣ мекард. Моҳи январи имсол худро рӯзноманигори мустақил эълон кард ва ба таҳияи гузоришҳо дар канали ютубиаш пардохт. Наворҳои Далери Имомалӣ дар чандвақтаи ахир сару садоҳоеро ба вуҷуд овард ва бинандаи зиёде дошт. Ҳоло обуначиёни канали Далери Имомалӣ наздик ба 140 ҳазор нафар аст ва наворҳои ӯро беш аз 1 млн нафар тамошо мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь