Вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ / Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо Ҷозеп Боррел, Комиссар оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ютта Урпилайнен 22 ноябри соли 2021 дар Душанбе (Тоҷикистон) 17-умин Ҷаласаи вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор намуданд.

Ширкаткунандагон бори дигар омодагии муштараки худро барои бунёди шарикии қавӣ, ҳадафманд ва ояндабинона дар асоси арзишҳо ва манфиатҳои муштарак тасдиқ карданд.

Ширкаткунандагон бори дигар аҳамияти пешрафт дар волоияти қонун, демократия, идоракунӣ, баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи умумии инсон, аз ҷумла ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқҳои ақаллиятҳои этникӣ ва татбиқи пурраи ҳуқуқҳои занону духтаронро, ки ҷузъи асосии Ҳамкории ИА бо шарикони худ дар саросари ҷаҳон аст, тасдиқ намуданд.

Ширкаткунандагон аҳамияти мусоидат ба иштироки пурра, баробар ва пурмазмуни занон дар қабули қарорҳоро таъкид карданд. Онҳо хостори густариши ҳамкориҳо барои фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонон дар минтақа, аз ҷумла беҳтар кардани дастрасӣ ба таҳсилоти босифат барои ҳама, бахусус духтарон, ва кори шоиста шуданд. Иттиҳоди Аврупо пешниҳод намуд, ки имкони ташкили муколамаи минтақавӣ оид ба татбиқи самараноки стандартҳои байналмилалии меҳнат омӯхта шавад. Ширкаткунандагон аҳамияти мусоидат ба иштироки пурмазмуни ҷомеаи шаҳрвандиро дар қабули қарорҳо таъкид намуда, баргузории Форуми сеюми ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро 6 октябри соли 2021 дар Алмаато, Қазоқистон баҳои баланд доданд.

ИА аз баргузории Ҳамоиши сеюми машваратии раҳбарони Осиёи Марказӣ 5-6 августи соли 2021 дар шаҳри Овозаи Туркманистон истиқбол намуда, ба ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкориҳои наздиктари минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар бахшҳо, ба мисли пешбурди тиҷорат, робитаҳои байнимардумӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обу энергетикӣ, ки Иттиҳоди Аврупо тавассути барномаҳои ҳамкории минтақавии худ ба онҳо дастгирии мушаххас мерасонад, баҳои баланд дод.

Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ аҳамияти афзалиятҳои муайяншуда дар Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ аз соли 2019 – мусоидат ба субот, шукуфоӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ барои рушди ояндаи минтақаро таъкид карданд. ИА таъкид кард, ки ин афзалиятҳо ба фаъолиятҳои барномавӣ дар давраи нави минтақавии бисёрсола роҳнамоӣ хоҳанд кард. ИА омодагии ду ташаббуси нави минтақавӣ дар доираи равиши Гурӯҳи Аврупо оид ба пайвастшавии рақамӣ ва масъалаҳои захираҳои обӣ, энергетика ва иқлимро, ки ҳамчун самтҳои муҳим барои рушди устувори иқтисодӣ ва инсонӣ дар Осиёи Марказӣ муайян шудаанд, эълон кард. Ширкаткунандагон аҳамияти созишномаҳои васеи шарикӣ ва ҳамкориро барои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид карданд.

Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кумаки Иттиҳоди Аврупо дар рафъи оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи COVID-19 изҳори миннатдории амиқ карданд. Онҳо дастгирии Иттиҳоди Аврупоро ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) таъкид карданд, ки ба ТУТ имкон дод, ки амалҳои худро зуд сафарбар кунад ва барномаи нави минтақавии дастгирии эмкунӣ омода кунад. Ин барои «беҳтар барқарор намудани» минтақа ниҳоят муҳим аст. Ширкаткунандагон азми худро барои якҷоя кор кардан барои барқарорсозии сабз ва устувор аз пандемияи COVID-19 бидуни тарк кардани касе таъкид карданд.

Ширкаткунандагон аз натоиҷи нахустини Форуми иқтисодии рӯбарӯи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 5 ноябри соли 2021 дар Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, баҳои баланд дода, аз саҳми эҳтимолии соҳибкорони ИА ва Осиёи Марказӣ, ки дар барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии пас аз пандемия гузошта метавонанд, таъкид карданд. Онҳо аҳамияти фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ тавассути эҷоди заминаи дақиқи ҳуқуқӣ, қоидаҳои шаффофу пешбинишаванда ва мубориза бо коррупсияро таъкид карданд. Ширкаткунандагон аз пешниҳоди Ӯзбекистон дар бораи баргузории Форуми сайёҳии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соли 2022 истиқбол карданд.

Ширкаткунандагон бар зарурати фаъолсозии ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини робитаҳои устувори Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, технологияҳои рақамӣ ва робитаҳои байни одамон таъкид карданд. ИА Стратегияи дарпешистодаи шарикии глобалии худро муаррифӣ намуд. Ширкаткунандагон баргузории бомуваффақияти конфронси байналмиллалии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Пайвастшавии минтақавӣ: мушкилиҳо ва имкониятҳоро, ки 15-16 июли соли 2021 дар шаҳри Тошканд (Ӯзбекистон) баргузор гардид, баҳои баланд доданд. Туркманистон аҳамияти 15-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки 28 ноябри соли 2021 дар Ашқобод баргузор мешавад ва Конфронси дарпешистодаи вазирони нақлиёт барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба баҳр баромад надоранд, “Раванди Ашқобод – маблағгузорӣ барои робитаҳои беҳтар” -ро таъкид кард , ки 5-6 апрели соли 2022 баргузор мегардад. Ширкаткунандагон аз пешниҳоди Ӯзбекистон дар бораи мизбонии Конфронси вазирон оид ба робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соли 2022 истиқбол карданд.

ИА аз давом додани пешрафт дар иҷрои ӯҳдадориҳои Парижӣ оид ба иқлим ва гузариши минтақа ба иқтисоди сабз таъкид намуд, аз ҷумла ворид кардани саҳми афзояндаи манобеъи барқароршаванда ба бозори нерӯи барқ ва талош намудан ба бетарафии иқлим. Дар робита ба ин, Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, ки ба Механизми глобалии мубориза бо метан ҳамроҳ шаванд. Иштироккунандагон зарурати мустаҳкам намудани ҳамбастагии системаи энергетикии минтақавӣ ва давом додани саъю кушиши баланд бардоштани самаранокии энергияро эътироф карданд. Пас аз нишасти COP26 дар Глазго, Иттиҳоди Аврупо зарурати аз ҳамаи ҷонибҳои Созишномаи Париж оид ба иқлим пешниҳоди саҳмҳои миллии ҳадафмандро барои иқроиши созишнома таъкид кард. Вазирон аз нақшаи Тоҷикистон оид ба мизбонии конфронси об дар моҳи июни соли 2022 ва ташкили муштараки Конфронси обии СММ барои соли 2023 бо Ҳолланд ҷиҳати дастгирии талошҳои байналмилалӣ дар заминаи Даҳсолаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ-ро вобаста ба об истиқбол карданд. Тоҷикистон азми худро барои эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъини санаи мушаххаси Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳоро пешниҳод намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои қисми якуми Конфронси 15-уми Ҷонибҳо оид ба гуногунии биологӣ, ки дар Кунмин баргузор шуд, иштирокчиён ба зарурати густариши фаъолияти гуногунии биологӣ ва  ҳамкорӣ барои эҷоди як чаҳорчӯби ҳадафманди ҷаҳонии гуногунии биологӣ дар қисми дуюми Конфронси тарафҳо, ки соли 2022 баргузор мегардад, таъкид карданд.

Ширкаткунандагон таъкид карданд, ки ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва таҳкими эътимод ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳим аст. Онҳо аз ташаббуси Туркманистон дар мавриди баргузории Конфронси байналмилалии “Сиёсати сулҳ ва эътимод – асоси амният, субот ва рушди байналмилалӣ” дар Ашқобод 12 декабри соли 2021 дар заминаи эълони Маҷмаи Умумии СММ дар соли 2021 ҳамчун Соли сулҳ ва боварӣ истиқбол карданд.

Ширкаткунандагон аз оқибатҳои минтақавии ҳодисаҳои Афғонистон изҳори нигаронии муштарак карданд. Онҳо даъват аз риоя ва пешбурди ҳуқуқҳои умумии инсон ва озодиҳои асосии ҳамаи афғонҳо, бахусус занону духтарон, инчунин кӯдакон ва шахсони ба гурӯҳҳои этникӣ ва ақаллиятҳо тааллуқдошта, инчунин таъсиси ҳукумати фарогир ва намояндагӣ намуданд.

Иттиҳоди Аврупо муҳимияти роҳандозии як раванди сиёсии мӯътамади демократиро дар Афғонистон таъкид кард. Ширкаткунандагон аҳамияти ҷилавгирӣ аз истифода аз қаламрави Афғонистон ба унвони пойгоҳ барои истиқроъ, маблағгузорӣ ё содироти терроризм ба кишварҳои дигарро таъкид карданд. Ширкаткунандагон аҳамияти густариши ҳамкориҳои муштаракро дар ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон таъкид карданд.

Ширкаткунандагон зарурати таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии ҳаракати хатарнок ва ғайриқонунии одамон ва мубориза бо қочоқи муҳоҷирон ва қочоқи инсонро эътироф карданд.

Ширкаткунандагон изҳори умедворӣ аз фаъолнокии ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи амният ва назорати сарҳад карданд, инчунин дар муборизаи муштарак бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, қочоқи инсон, қочоқи муҳоҷирон, қочоқи силоҳи ва аслиҳаи сабук, қочоқи маводи мухаддири фаромиллӣ ва таҳдидҳои киберамният, дар айни ҳол ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳо дар доираи ҳуқуқҳои умумибашарии инсон ва волоияти қонун амал карданро таъкид намуданд.

Ширкаткунандагон ҳамкориро дар соҳаи маориф, омӯзиш ва рушди малакаҳо ҳамчун омили асосии таъмини рушди устувор ва фарогирандаи иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақа истиқбол карданд. Онҳо нақши калидии илм, технология ва инноватсияро дар суръат бахшидан ба гуногунсозӣ ва дигаргунсозии иқтисодиёт, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва рақобатпазирӣ ва таъмини ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ мебозанд, таъкид карданд. Дар ин робита ширкаткунандагон пешниҳоди Ҷумҳурии Қирғизистонро дар бораи таъсиси Донишгоҳи аврупоӣ дар Осиёи Марказӣ ба эътибор гирифтанд. Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ арзиши ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи тадқиқот ва навоварӣ байни ду минтақа, бахусус тавассути ҳамкориҳои илмӣ ва имкониятҳои маблағгузорӣ, ки чаҳорчӯбаи тадқиқот ва навовариҳои Барномаи ҳошиявии Horizon Europe ИА пешниҳод кардааст, эътироф карданд. Вазирони хориҷаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба Иттиҳоди Аврупо пешниҳод карданд, ки барномаи ҷадиди ҳамкориҳои минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ дар заминаи илм, фанноварӣ ва инноватсияро роҳандозӣ кунад.

Ширкаткунандагон ба Тоҷикистон барои мизбонии 17-умин нишасти вазирони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ изҳори сипос карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки соли 2022 дар Брюссел мулоқот кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь