Дар рӯзҳои охир муноқишаи ҷиддан шадиду муташанниҷ дар марзи байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба амал омад, ки боиси талафоти зиёд гардид. ИА имзо шудани созишномаи оташбас рӯзи панҷшанбе байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин музокироти минбаъдаро нисбати ҳалли сиёсии масъалаҳои марзӣ истиқбол мекунад. ИА ибрози таассуф аз хушунат менамояд ва ба ба касоне, ки хешовандону азизонро аз даст доданд, ҳамдардӣ баён мекунад.

Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла тавассути намояндаи вижаи худ дар Осиёи Марказӣ, намояндагиҳои ИА, инчунин дар Брюссел, ҳамеша бо мақомоти ду кишвар робитаҳои доимии дипломатӣ дорад. Бо назардошти бархӯрдҳо дар баъзе минтақаҳо инчунин имрӯз, созишнома бояд бидуни таъхир барои ҳалли пойдор ва осоишта иҷро карда шавад. Ҳарду тараф бояд тамоми чораҳои заруриро бинанд, то дар оянда низоъ пешгирӣ карда шавад.

ИА омода аст, ки дар ҳолати зарурӣ дар доираи барномаҳои минтақавии марбут ба идораи марз ва захираҳои обӣ, кӯмаки машваратӣ, ҳамчунин дастгирии доимии сиёсӣ барои субот ва шукуфоӣ дар минтақа, ки афзалиятҳои асосии Стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ мебошанд, расонад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here