Гуруҳи Ҳизбуллоҳ марги раҳбари ин гуруҳ Ҳасан Насруллоҳро дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои ҳавоии Исроил таъйид кард, хабар медиҳад шабакаи Алҷазира.
Неруҳои ҳавоии Исроил раҳбари Ҳизбуллоҳ Ҳасан Насруллоҳ ва ҳамчунин Алӣ Каркӣ, фармондеҳи ҷабҳаи ҷанубии Ҳизбуллоҳро куштанд.
Бино ба хабари неруҳои ҳавоии Исроил, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба фармондеҳии марказии Ҳизбуллоҳ дар Бейрут ҳамла карданд. Ҳамла замоне сурат гирифт, ки раҳбарияти Ҳизбуллоҳ дар қароргоҳи фармондеҳӣ қарор дошт.
“Ҳасан Насруллоҳ дар тӯли 32 соли раҳбарии худ дар созмони террористии Ҳизбуллоҳ масъули қатли бисёре аз шаҳрвандон ва сарбозони исроилӣ, ҳамчунин барои тарҳрезӣ ва анҷоми ҳазорон ҳамлаи террористӣ алайҳи Исроил ва дар саросари ҷаҳон буд”, – омадааст дар хабари нерӯҳои ҳавоии Исроил.