Ҳизби демократи Тоҷикистон имрӯз бо пахши як муроҷиат ба роҳбарияти Ситоди ҷумҳуриявии ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус талаб кард, дар Тоҷикистон ба муддати 20 рӯз карантин эълон карда шавад. Ин дархостро Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизб дар саҳфаи фейсбукиаш пахш кард.

Тавре ба мушоҳида мерасад, рӯзҳои охир бемории ҳамагири Ковид-19 дар саросари ҷумҳурӣ дар ҳоли афзиш ёфтан аст, омадааст дар он.

Ин ҳизб мегӯяд, мутобиқи маълумоте, ки аз беморхонаҳои ҷумҳурӣ ва шаҳру деҳот мерасад, шумораи гирифторон ба беморӣ нисбат ба чанд моҳи пеш афзоиш пайдо кардааст. Дар моҳҳои қаблӣ хабари густариши ин беморӣ дар кишвар хеле кам ба назар мерасид, вале дар ин моҳи охир хабари паҳн шудани беморӣ дар шаҳру деҳкадаҳои кишвар зиёдтар шудааст. Одамон аз афзоиши шумораи гирифторшудаҳо дар беморхонаҳо ва манзили зисташон хабар медиҳанд.

Дар ин чанд моҳи охир аз тарафи шаҳрвандон иҷрои талабот ва маслиҳатҳои Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус хеле коҳиш пайдо кардааст. Мардум дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору мағоза, коргоҳу истироҳатгоҳ ва дохили воситаҳои нақлиёт, марказҳои хӯроки умумӣ фосилаи иҷтимоӣ ва тартиби истифодаи ниқоби муҳофизатиро риоя намекунанд. Ҳолати беҳдошти хеле аз бозору фурӯшгоҳҳо, дохили воситаҳои нақлиёт ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Дар баробари ин вазъи тоқатфарсои фасли гармо ва ҳавои гилолуди чанд рӯзи охир дар пойтахт ва чанд шаҳру деҳот заминаи афзоиши бемориро бештар сохтааст.

М. Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь