Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон вобаста ба озмоишҳои мушакии Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея изҳорот пахш кард, ки дар он ин амали Пхенянро маҳкум кардааст.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ВКХ ҶТ  дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаии 3-юми сентябри соли 2017  дар Ҷумҳурии халқӣ-демократии  Корея ҳамақида мебошад ва изҳор менамояд, ки ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ҷонибдорӣ мекунад ва даъват ба амал меорад, ки Ҷумҳурии халқӣ-демократии  Корея меъёрҳои дахлдори ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро ба таври ҳатмӣ иҷро намояд.

Ёдовар мешавем, ки ҶХД Корея бо сардтар шудани муносибат бо ИМА ва шариконаш дар пайи озмоиши мушакҳои баластикӣ аст ва борҳо изҳор кард, ки дар пайи таниши бештар пайдо кардани вазъ ва аз сар нагирифтани таҳримҳо алайҳи Пхенян ба ҷазираи Гуам мушак партоб хоҳад кард. Гуам аз ҷазираест, ки бештари муҳиммоти ҷангӣ ва низомии Америка дар он ҷой дода шудаанд.

Президенти ИМА Доналд Трамп ҳам дар ҷавоби ин таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ гуфт, ки омода аст, дар сурати бад шудани вазъ, бар зидди Пхенян аз силоҳи ҳастаӣ кор гирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь