Шӯрои Иттиҳоди Аврупо имрӯз дастурҳоро барои Комиссияи Аврупо ва Намояндаи олӣ оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ қабул намуд, то аз номи Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он оиди Созишномаи нави густурдаи шарикӣ ва ҳамкории (EPCA) бо Тоҷикистон гуфтушунид оғоз кунад.

Бо дарназардошти вазъи геополитикӣ, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст равобитро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳким бахшад. Бастани Созишномаи густурдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин самт як қадами муҳим хоҳад буд. Он барои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон замина фароҳам оварда, ба ин васила ислоҳотро ҳавасманд ва дастгирӣ менамояд. Пешрафти музокирот низ ба беҳбуди вазъ дар заминаи ҳифзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, аз ҷумла озодии баён, расонаҳо ва гирдиҳамоӣ бастагӣ хоҳад дошт – Ҷозеп Боррел, Намояндаи олӣ оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният.

Созишномаи нав дар асоси Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории соли 2010 таҳия карда мешавад. Созишнома кӯшишҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро барои таҳкими равобити дуҷониба дар чаҳорчӯбаи “Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ: мусоидат ба устуворӣ, шукуфоӣ ва ҳамкории минтақавӣ барои рушди оянда” инъикос хоҳад намуд.

Иттиҳоди Аврупо созишномаи густурдаро, ки аз барномаи ислоҳот дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад, музокира хоҳад намуд. Равобити наздиктар ва қавитари дуҷониба бо риояи арзишҳои муштараки демократӣ, волоияти қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон бо ҳам меояд, чӣ хеле ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни Муколама оид ба ҳуқуқи инсон, ки 7 декабри соли 2022 дар Душанбе баргузор шуд, таъкид гардид.

ИА ният дорад, ки минбаъд низ рушди устувори Тоҷикистонро тавассути мусоидат ба амният ва навсозӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои шуғл барои насли наврас дастгирӣ намояд. Захираҳои об, энергетика, гузариш ба иқтисоди сабз ва рушди захираҳои инсонӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь