Иттиҳоди Аврупо барои расонидани кӯмаки башардӯстонаи изтирорӣ ба оилаҳое, ки охири моҳи марти соли ҷорӣ аз заминларза осеб дидаанд, 80 000 евро (беш аз 960 000 сомонӣ) ҷудо мекунад. Аз ин кӯмак 2000 нафар дар манотиқи аз ҳама осебдидаи вилояти Суғд баҳра хоҳанд бурд.

Ин маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар расонидани кумаки фаврӣ тавассути грантҳои пулӣ ба оилаҳое, ки хонаҳояшон хароб ё вайрон шудаанд, ва маҷмӯаҳои гигиенӣ барои нигоҳ доштани гигиенаи хуб мусоидат хоҳад кард. Илова бар ин, ба осебдидагони заминларза кӯмаки равонӣ дар натиҷаи офати табиӣ расонида мешавад.

Маблағгузорӣ як қисми саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба “Фонди ҳолатҳои фавқуллода” (DREF)-и Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC) мебошад.

Бар асари зилзилаи 5,9 дараҷа, ки рӯзи 23 март дар шимоли Тоҷикистон дар умқи 6 километр рух дод, беш аз 2200 нафар осеб диданд. Маркази зилзила тақрибан чор километр шимоли деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ воқеъ будааст. Пас аз чанд таконҳо, заминларза ба бисёре аз хонаҳо ва зерсохторҳо хисороти зиёд расонд. Дар натиҷаи заминларза чанд чорво нобуд гашта ва канали магистралӣ вайрон гардид, ки ба воситаҳои зиндагӣ таъсир расонида, дастрасӣ ба оби тозаро маҳдуд намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь