Раҳбари мофиёи Ситсилиё (Коза Ностра) Маттео Мессина Денаро пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 62-солагӣ дар яке аз бемористонҳои итолиёвӣ дар Лакуила даргузашт, хабар медиҳад хабаргузории итолиёии ANSA.

Денаро аз моҳи август дар бемористон бистарӣ буд. 22 сентябр ӯ беҳушу беёд шуд. Ба навиштаи нашрия, раҳбари Cosa Nostra се сол боз гирифтори саратони рӯдаи бузург буд. Аз соли 2020 инҷониб ӯ чор ҷарроҳӣ ва чанд даври кимиёдармониро аз сар гузаронидааст.

Денаро 16-уми январи соли 2023 дар ҳоле боздошт шуд, ки ӯ дар бемористони рӯзонаи клиники Маддалена дар маркази Палермо буд. Пеш аз ин, ӯ 30 сол дар ҳоли фирор буд.

Тибқи тафтишот, Денаро раҳбари мофиёи Ситсилиё Коза Ностра буд. Моҳи октябри соли 2020 ӯ ғоибона барои шарикӣ дар ташкили куштори муфаттишони итолиёвӣ Ҷованнӣ Фалкон ва Паоло Борселино дар Ситсилиё дар соли 1992 ва инчунин ҳашт афсари полис, ки онҳоро посбонӣ мекарданд, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Аз соли 1993 Денаро дар фирор буд ва раҳбари мофиё дар Итолиё ба ҳисооб мерафт. Аз он вақт нерӯҳои амниятӣ борҳо шарикони ӯро боздошт кардаанд, аммо худи ӯ тавонистааст аз додгоҳ фирор кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь