Полиси Итолиё дар Ситсилия раҳбари дар ҷустуҷӯбудаи “Коза Ностра” Маттео Мессина Денаро боздошт кард.

Ба навиштаи The Insider, Денаро дар як клиники хусусии Палермо, ки барои ташхиси онкологӣ бистарӣ будааст, боздошт шудааст.

Матбуоти маҳаллӣ боздоштро чунин шарҳ медиҳад: “Соати 9:35 раисро бо кафкӯбиҳои зиёди сокинони шаҳр ба як микроавтобуси сиёҳ савор карданд, ки чанд мошини карабиниерӣ ҳамроҳӣ мекард”.

Маттео Мессина Денаро аз соли 1993 аз полис пинҳон шуда, дар садри феҳристи таҳти таъқибтарин мафиозиҳои Итолиё қарор дошт. Ӯ дар куштори дастикам 50 нафар гумонбар дониста мешавад.

Боздошти Денаро расо 30 сол пас аз ҳабси Тото Риина (раҳбари собиқи мафияи Коза Ностра, “раиси раисон”), ки 15 январи соли 1993 дар Палермо рух дода буд, иттифоқ афтод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь