Гузориши зебою самимӣ ва аксҳои ҷаззобе аз сайти хабарии форсии «Варзиш се»

«Варзиш се», ки чаҳорумин вебгоҳи пурбоздид дар Эрон ва пурбоздидтарин вебгоҳи варзишии форсӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, бо тамҷид аз пирӯзии «ИСТИҚЛОЛ»  бар «АЛ-ҲИЛОЛ», ин рухдодро бузургтарин шаби футболи Тоҷикистон унвон кард ва «ИСТИҚЛОЛ»-ро шуҷоътарин тими футболи Осиё номид.

«ВАРЗИШ СЕ» навиштааст: Тими «ИСТИҚЛОЛ»-и Тоҷикистон бо бозгаште фавқулодаву боварнакарданӣ такгол (ягона гол)-и Гомесро бо чаҳор гол посух дод, то шигифтии Лиги қаҳарамонони Осиё-2021 дар Риёз рақам бихурад. «ИСТИҚЛОЛ»-и Тоҷикистон, ки барои аввалин бор ба марҳалаи гурӯҳии Лиги қаҳрамонони Осиё роҳ ёфта, пас аз шикаст дар бозии рафт муқобили «Ал-ҲИЛОЛ», бурди бузургро халқ кард, ки метавон онро муҳиммтарин пирӯзии таърихи ин бошгоҳ низ қаламдод кард.

Ин бозӣ, ки ба мизбонии «АЛ-Ҳилол» дар варзишгоҳи принс Файсали шаҳри Риёз ба анҷом мерасид, бо ҳамалоти тими обипушон («АЛ-ҲИЛОЛ») оғоз шуд ва саранҷом дар дақиқаи 24 Гомес тавонист дарвозаи Рустам Ятимовро боз кунад. Ирсоли аз самти рости рӯйи дарвозаи ин тим дар миёни ғафлати мудофиъони «ИСТИҚЛОЛ» бо зарбаи сари ин муҳоҷими фаронсавии мизбонон ҳамроҳ шуд, то бозӣ 1-0 шавад.

Алҳилолиҳо, ки бозиро тамомшуда медонистанд ва тасаввур мекарданд, ки мисли бозии рафт як бурди содаро касб хоҳанд кард, хеле зуд шигифтзада шуданд. Алишер Ҷалилов аз самти рост тупро ба дохили маҳватаи ҷарима фиристод ва Манучеҳр Ҷалилов тавонист дарвозаро боз кунад; дақиқаи 39, акнун бозӣ мусовӣ. Ҷалилов, ки дар муқобили «ОЛМАЛИҚ» гол зада буд, дар бозӣ бо «АЛ-ҲИЛОЛ» поси гол дода буд, шаш дақиқа баъд рӯйи шут (зарба) аз роҳи дури тамошоие голи дувумро ҳам зад, то дар миёни нобоварии алҳилолиҳо бозӣ 2-1 шуд.

Нимаи нахуст бо ҳамин натиҷа ба поён расид ва дар шароите ки интизор мерафт, «АЛ-ҲИЛОЛ» нимаи дувумро бо ҳамалот оғоз кунад, аммо ин қирмизпӯшони тоҷик буданд, ки ба шигифтисозии худ идома доданд. Ин бор Манучеҳр Сафаров, дар ҳоле ки қасд дошт, то тупро аз самти рост рӯйи дарвоза партоб кунад, ирсолаш ба сурати мустақим вориди дарвоза шуд. Дарвозабони «АЛ-ҲИЛОЛ» ба ҳавои ин ки туп берун хоҳад рафт, истод ва тамошо кард, аммо ба шакле аҷиб дарвозаашро бозшуда дид.

Ин аммо поёни кор набуд. Танҳо чаҳор дақиқа баъд худи Сафаров ин бор дар маҳватаи ҷарима соҳиби туп шуд ва бо шуте заминӣ ва дақиқ тупро ба гӯшаи дарвоза фиристод, то «АЛ-ҲИЛОЛ» бо натиҷаи 1-4 аз ҳариф ақиб биуфтад. Бозикунони тими «ИСТИҚЛОЛ», ки сар аз по намешинохтанд, пас аз ин гол ақиб нишастанд ва бо таваҷҷуҳ ба замони зиёд то поёни бозӣ, алҳилолиҳо ҳамчунин фурсати бозгаштро барои худ қоил буданд, аммо ин иттифоқ рух надод. Шогирдони Витолий Левченко, сармураббии тоҷикистонии тими «ИСТИҚЛОЛ», дар идомаи бозӣ муаваффақ шуданд, бозиро ба хубӣ контрол кунанд ва ҳатто дар дақиқаи 67 шут (зарба)-и тамошоии Алишер Ҷалилов ки ба сабки Рикарду Куоришмои портуғолӣ зада шуд, метавонист голи панҷумро ҳам бизанад.

Барои тавсифи ин пирӯзи набояд аз нақши Рустам Ятимов, дарвозабони 22-солаи «ИСТИҚЛОЛ» гузашт, ки дар дақиқаи 75 бо севи зарбаи Вето дарвозаашро наҷот дод.

Дар ду даҳаи охир АЛ-ҲИЛОЛ танҳо чаҳор бор шикасти пурголи чаҳор ё панҷголаи осиёиро таҷриба карда – муқобили АШ-ШОРҶА, АЛ-ҒАРОФА, УЛСОН ва ҳоло ИСТИҚЛОЛ-и Душанбеи Тоҷикистон!

Рустам Соиров, бозикуни 18-солаи тими «ИСТИҚЛОЛ» ки ба унвони падидаи футболи Тоҷикистон шинохта мешавад ва ду поси гол низ дар муқобили АЛ-ҲИЛОЛ дода буд, дар охирин дақоиқи бозӣ бо фироре тамошоӣ мудофиъони АЛ-ҲИЛО-ро ҷо гузошт, аммо дар ниҳоят натавонист, тупро ба саранҷом бирасонад.

Нуктаи ҷолиб ҳамин буд, ки «ИСТИҚЛОЛ» бо вуҷуди пешии сегола аз ҳарифи саршиноси саъудӣ ба ҳич ваҷҳ ақиб нанишаст ва барои задани голҳои баъдӣ тамоми талошашро кард.

Сурхпӯшони шаҳри Душанбе бо вуҷуди таҷрибаи ками худ, вақти изофаро ҳам ба саломат гузарониданд ва тавонистанд қаҳрамони 2019-и Лиги қаҳрамонони Осиёро аз пеши рӯ бардоранд; иттифоқе ки шояд барои хушбинтарин ҳаводорашон низ қобили бовар набошад. Ба тавре, ки гузоришгари тоҷик ҳам дар поёни бозӣ гуфт: «Шумо бовар мекунед, «ИСТИҚЛОЛ» муқобили дастае, ки аз тамоми дастаҳои Осиё аз ҳама ҷиҳат бартарии калон дорад, бо ин натиҷааш пеш уфтодааст?»

«ИСТИҚЛОЛ» бо ин пирӯзӣ ҳафтимтиёзӣ шуд ва бо тафозули голи беҳтар нисбат ба АЛ-ҲИЛОЛ дар садри ҷадвали гурӯҳи А-и Лиги қаҳрамонони Осиё қарор гирифт ва ҳоло дар сурати касби имтиёзоти лозим шонси вижае барои суъуд ба марҳалаи якҳаштумниҳоӣ ва такмили шигифтӣ хоҳад дошт.

Таҳияи О. Шакурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь