Конфедератсияи футболи Осиё қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2022 дар минтақаи Ғарб ва Шарқро муаррифӣ кард.

Тибқи натоиҷи қуръакашӣ, ки рӯзи 17-уми январ баргузор мешавад, даҳ гуруҳ иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешаванд. Даври гуруҳии Лигаи чемпионҳои Осиё, тибқи тақвими AFC, дар минтақаи Ғарб дар шакли мутамарказ аз 10 то 26-уми май ва дар Шарқ аз 15-уми апрел то 1-уми май баргузор мешавад.

Чемпионии футболи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки соли гузашта ба даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC роҳ ёфта буд, дар мавсим дар сабади сеюм қарор гирифт. «Истиқлол» бо клубҳои «Пахтакор» (Ӯзбекистон), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), «Мумбай Ситӣ» (Ҳиндустон) ва «Аҳал» (Туркманистон) дар як сабад қарор дорад. Маълум аст, ки дастаи Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2022 бо ин дастаҳо бозӣ намекунад.

Таркиби сабадҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2022:

Минтақаи Ғарб

Сабади 1: Ал Садд (Қатар), Ал Ҳилол (Арабистони Саудӣ), Фулод Хузистон (Эрон), Ал Ҷазира (АМА), Ал Зуҳайл (Қатар).

Сабади 2: Ал-Файсалӣ (Арабистони Саудӣ), Сипоҳон (Эрон), Шабаб Ал-Аҳлӣ Дубай (АМА), Ал Райян (Қатар), Ал Шабоб (Арабистони Саудӣ).

Сабади 3: «Пахтакор» (Узбекистон), «Ал-Вахдат» (Урдун), «Мумбай Ситӣ» (Хиндустон), «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Аҳал» (Туркманистон).

Сабади 4: Эйр Форс (Ироқ), ғолиби ҷуфти «Ал Таавун» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Ҷайш» (Сурия), ғолиби ҷуфти Банияс (АМА) – «Насаф» (Ӯзбекистон), ғолиби ҷуфти «Шарҷа» (АМА) – Ал -Завра (Ироқ).

Минтақаи Шарқӣ

Сабади 1: клуби 1-уми Чин, Кавасаки Фронтале (Ҷопон), Ҷонбук Хюндай Моторс (Кореяи Ҷанубӣ), Би Джи Патхум Юнайтед (Тайланд), клуби 2-юми Чин.

Сабади 2: «Урава Ред Даймондз» (Ҷопон), «Чоннам Драгонс» (Кореяи Ҷанубӣ), Чианг Рай Юнайтед (Таиланд), Клуби 3-и Чин, Йокагама Ф. Маринос (Ҷопон).

Сабади 3: Юнайтед Ситӣ (Филиппин), Китчӣ (Ҳонконг), Хоаган Зиалай (Вйетнам), Ҷоҳор Дорул Таъзим (Малайзия), Лион Ситӣ Сейлорс (Сингапур).

Сабади 4: Мелбурн Ситӣ (Австралия), ғолиби клуби 4-уми Чин – клуби 3-юми Австралия/Кая Илоило (Филиппин), ғолиби ҷуфти Виссел Кобе (Ҷопон) – клуби 2-юми Австралия/Шан Юнайтед» (Мянма), ғолиби ҷуфти «Улсан Хундай» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Порт» (Таиланд), ғолиби ҷуфти «Тэгу» (Кореяи Ҷанубӣ) – «Бурирам Юнайтед» (Таиланд).

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь