Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бозиҳои марҳилаи гурӯҳии худро дар мусобиқоти футболи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар Арабистони Саудӣ баргузор мекунад.  Дар ин бора вебгоњи дастаи мазкур иттилоъ  медиҳад.

Бояд гуфт, ки дастаи “Истиқлол” дар натиҷаи қуръакашии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар минтақаи Ғарб ба гурӯҳи “А”-и мусобиқа шомил шуда буд. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ал-Райян” (Қатар), инчунин ғолиби ҷуфти плей-оффи “Шарҷа” (Имороти Муттаҳидаи Араб) – “Ал-Завраа” (Ироқ) рақобат хоҳад кард.

Ҳамаи рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар қисмати ғарбӣ аз 7 то 27-уми апрел бо шеваи мутамарказ сурат мегиранд. Бозиҳои ин марҳилаи мусобиқот дар шаҳрҳои Ар-Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е») баргузор  мешаванд.

Дар асоси низомномаи мусобиқа аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои беҳтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роњ меёбанд.

Дар ҳолати баромадани тими “Истиқлол” аз марҳилаи гурӯҳӣ, даста рӯзи 3 ё 4-уми феврали соли 2023 дар марҳилаи њаштякфинали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё рақобати худро баргузор мекунад.

Лигаи қаҳрамонҳои AFC 2022:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи “А”: “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Райён” (Қатар), “ИСТИКЛОЛ” (Тоҷикистон), ғолиби ҷуфти плей-офф “Шарҷа” (АМА) – “Ал-Завра” (Ироқ)

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Истиқлол”-и пойтахт соли гузашта низ бозиҳои марҳилаи гурӯҳиро дар Лигаи қаҳрамонҳои осиё дар Арабистони Саудӣ баргузор карда буд. Он мавсим даста то даври 1/8-ниҳоии мусобиқа роҳ паймуда, дар ин давр аз дастаи “Персеполис”-и Эрон ноком шуд ва аз идомаи мусобиқа канор рафт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь