Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар вохӯрии ҷавобии финали байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 дар Бангалори Ҳундустон бо дастаи «Бенгалуру» аз ин шаҳр мусовӣ кард ва ба финали дуюмин мусобиқаи бонуфузи Осиё роҳ ёфт.

Ҳисобро дар ин бозӣ Нуридин Давронов дар дақиқаҳои аввали бозӣ аз пеналтӣ кушод. Баъди он, ки дарвозабони соҳибони майдон ба муқобили капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев қоидаи бозиро вайрон кард, довари қатарӣ Ҳамис Муҳаммад ба ӯ корти зард дод ва ба нуқтаи пеналтӣ ишора кард. Бо гузаштани 20 дақиқа соҳибони майдон баъди задани зарбаи кунҷӣ ҳисобро баробар карданд. Дар охири қисми якум бозигари «Бенгалуру» Харманҷот Синг Хабра корти дуюми зардро гирифт ва аз майдон берун рафт.

«Истиқлол» дар дақиқаи 56-ум бо голи Дмитрий Барков ба пеш баромад, аммо баъди чанд дақиқа довар ба дарвозаи Никола Стошич пеналтӣ таъйин кард. Онро Сунил Четрӣ бехато зад. Бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба охир расид ва бо дарназардошти он, ки «Истиқлол» дар бозии якум дар майдони худ бо натиҷаи 1:0 ғолиб омада буд, соҳиби роҳхат ба финали Ҷоми КФО-2017 шуд.

Финал 4-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Ҳарифи «Истиқлол» дар ин бозӣ дастаи «Эйр Форс» аз Ироқ, ки чемпиони феълии ин мусобиқа мебошад, хоҳад буд.

Барои ғолиби ин мусобиқа Конфедетарсияи футболи Осиё мукофоти пулӣ ба миқдори 1 миллион доллар муайян кардааст. Дастаи дуюми иштирокчии финал бо 500 000 доллар қадрдонӣ карда мешавад.

Ҷоми КФО-2017

Финали байниминтақавӣ. Вохӯрии ҷавобӣ

«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:2

Голҳо: Нуриддин Давронов, 4 – аз пеналтӣ (0:1). Рахул Бхеке, 24 (1:1). Дмитрий Барков, 56 (1:2). Сунил Четрӣ, 65 – аз пеналтӣ (2:2).

18 октябр. Бангалор. Варзишгоҳи «Кантерава». 7862 тамошогар. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь