Клуби футболи “Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ҷавобии нимфинали байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи «Серес Негрос» 12-уми сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин мусовӣ (1:1) кард ва ба даври дигар роҳхат гирифт.

Ҳайати даста аз 18 нафар иборат буда, 10-уми сентябр, тамрин аввалини худро анҷом дод. 11-уми сентябр, пеш аз бозӣ нишасти хабарӣ бо ҳузури сармураббиён ва бозигарони ҳарду даста доир шуд, ки сармураббии “Истиқлол” Муҳсин Муҳаммадиев дар нишаст гуфт, ба андешаи ӯ бозии ҷавобӣ мушкил мешавад. “Мо дастаи “Серес”-ро эҳтиром мекунем ва хеле ҷиддӣ ба бозии ҷавобӣ омода шудаем. Мо ғалабаи бозии якум ва чор голро сарфи назар карда, бозӣ хоҳем кард. Бигзор бачаҳо чунин бозӣ кунанд, ки гӯё ҳисоб 0:0 аст”, – гуфт Муҳаммадиев.

Бозии ҷавобии нимфинали байниминтақавии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои «Серес Негрос» ва “Истиқлол” имрӯз, 12-уми сентябр, дар Баколод, дар варзишгоҳи «Панаад Парк стедиум», соати 16:30 ба вақти Душанбе шурӯъ шуд. Соҳибони майдон аввал шуда ҳисобро кушоданд. Ба бозигари «Истиқлол» Дмитрий Барков муяссар шуд, ки дар вақти изофии қисми якум ҳисобро баробар кунад. Ҳисоби ҷамъбастии ин вохӯриҳо 5:1 ба фоидаи «Истиқлол» шуд. Зимнан, бозигари дигари «Истиқлол» Артём Барановский дар дақиқаи 69-уми ин бозӣ корти сурх гирифт ва акнун наметавонад даври финалӣ ширкат кунад. Ҳарифи «Истиқлол» дар финали байниқитъавии Ҷоми КФО-2017 баъди бозии дастаҳои «25 апрел» (ҶХДК) ва «Бенгалуру» (Ҳиндустон) маълум мешавад. Дар вохӯрии якуми ин дастаҳо «Бенгалуру» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

Ҷоми КФО-2017

Нимфинали байниқитъавӣ. Вохӯрии ҷавобӣ.

«Серес Негрос» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Мануэл Эррера, 34 (1:0). Дмитрий Барков, 45+1 (1:1).

12-уми сентябр. Баколод. Варзишгоҳи «Панаад Парк Стэдиум». 4 752 тамошогар.

Вохӯрии якум – 0:4.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь