Девони вазирони Исроил ин созишро тасвиб кард, ки бар асоси он, Ҳамос 30 кӯдаки рабудашуда ва 20 занро озод кунад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки оташбаси муваққатии ҳарду ҷониб чаҳор рӯз идома хоҳад кард. Дар ин муддат Исроил дар тамоми манотиқи навори Ғазза амалиёти низомӣ, аз ҷумла ҳаракати техникаи низомиро қатъ мекунад.

Мошинҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла дору ва сӯзишворӣ метавонанд озодона вориди Ғазза шаванд.

Парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ҷануби Ғазза ба муддати оташбас мутаваққиф хоҳанд шуд. Дар шимол парвози онҳо аз соати 10:00 то 16:00 ба вақти маҳаллӣ манъ карда мешавад.

Дар давраи оташбас Исроил ӯҳдадор мешавад, ки дар тамоми манотиқи навори Ғазза ба касе ҳамла накунад ва касеро ҳабс накунад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки кобинаи вазирони Исроил ин созишро тасвиб кард, ки бар асоси он Ҳамос 30 кӯдаки рабудашуда ва 20 занро раҳо мекунад.

CNN бо истинод ба манобеи исроилӣ хабар дод, ин созиш имкон медиҳад, ки дар сурати афзоиши шумори гаравгонҳои озодшуда, созиш тамдид карда шавад.

Аммо тавре CNN бо такя ба як манбаи дипломатӣ хабар медиҳад, ҳанӯз маълум нест, ки созишнома кай эътибор пайдо мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь