Нерӯҳои амниятии давлати яҳудӣ пас аз анҷоми амалиёти низомӣ дар навори Ғазза боқӣ хоҳанд монд, гуфт Марк Регев, мушовири аршади сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN.

“Вақте ки ин кор тамом мешавад ва мо Ҳамосро мағлуб мекунем, хеле муҳим аст, ки унсурҳои террористӣ эҳё нашаванд, Ҳамос эҳё нашавад… Бояд нерӯҳои амниятии Исроил дар он ҷо ҳузур дошта бошанд”, – гуфт Регев.

Ҳамзамон вай тавзеҳ дод, ки Исроил қасди ишғоли анклави Фаластинро надорад ва нияти идораи ин қаламравро низ ба даст гирифтанӣ нест.

Мушовири Нетаняҳу ҳамчунин тавзеҳ дод, ки Исроил ба фароҳам овардани шароити нав манфиатдор аст, ки дар он сокинони Ғазза худашон метавонанд ин ҳудудро идора кунанд ва барои барқарорсозии он кумакҳои байналмилалӣ ироа шаванд. Регев ибрози умедворӣ кард, ки имкони мушорикати кишварҳои арабӣ дар эҳёи навори Ғаззаи ғайринизомишуда вуҷуд дошта бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь