Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод бо мақсади арҷ гузоштан ба хизмати занону модарон ба дидорбинии занони собиқадору муътабари шаҳр рафтанд.

Нахуст дар деҳаи Мортеппаи ҷамоати деҳоти Сомон модари рӯзноманигори зиндаёд Акбари Саттор – Раъно Саттороваро  аёдат намуда, ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод гуфтанд.

Дар деҳаи Муъминободи ҷамоати деҳоти Деҳқонобод собиқадори хизмати давлатӣ Зулфия Қурбоноваро аёдат карда, бо рӯзгораш ошноӣ пайдо карданд.

Раиси шаҳр дар деҳаи Ҳоҷисиддиқи ҷамоати деҳоти Дурбат Моҳистон Мусофироваро, ки мӯйҳои хешро ҳамчун деҳқонзани оддӣ дар кори саҳро сафед карда, ҳамзамон фарзандони солеҳу содиқ ба хизмати давлату миллатро тарбияву ба камол расонидааст, аёдат кард.

Модарони муътабарро Қосим Роҳбар аз номи Пешвои муаззами миллат  ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта,  ҳастии онҳоро барои роҳнамоӣ ба роҳи дуруст бузург номид ва барои тарбияи фарзандон изҳори сипосу эҳтиром кард.

Раиси шаҳр ба модарон дар баробари туҳфаю таманниёт, даъватномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро ба чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар, ки 7-уми март дар кохи фарҳанги шаҳр доир мегардад, тақдим кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь