Рӯзҳои 23 ва 24-уми августи соли 2022, дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти раёсати Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон ҳамчун бонки раисикунанда, бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзо ва нозир ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ҳайати расмии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори ҷаласа беш аз шаш масъалаи муҳим дар самтҳои бонкдорӣ, сармоягузорӣ байни бонкҳои аъзои Иттиҳод, табодули таҷриба ва маблағгузории савдо ҷиҳати рушд додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасии роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай қарор дода шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар интиҳои чорабинии Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби раисони бонкҳои аъзо як қатор ҳуҷҷатҳо, аз қабили нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзои ИББ СҲШ оид ба дастгирӣ ва рушд додани ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ дар давраи пас аз пандемия ва принсипҳои нави чаҳорчӯбаи ҳамкории молиявӣ ва ҳамкорӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ ба имзо расонида шуд. Боиси ёдоварист, ки ба имзо расонидани ҳуҷҷатҳои мазкур метавонанд фаъолияти молиявии бонкҳои аъзои Иттиҳодро ҷоннок намуда, дар самти маблағгузорӣ намудан ва ҷалб кардани сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишварҳои аъзои СҲШ, мусоидат намоянд.