Тавре аз Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  27-уми августи соли равон  дар кишвар, хоса масири Душанбе – Чаноқ бориши пуршиддати борон боиси омадани сел, лағзиши кӯҳпора ва сангфароӣ гардид. 

Пайомади офати табиӣ махсусан дар минтақаи Варзоб бениҳоят ногувор буда,  барои бетаъхир бартараф намудани онҳо кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуданд. Дар навбати аввал кӯшиш ба он равона шуд, ки мусофирону ронандагон ба ҷои бехавф интиқол ёбанд.

Тавре шоҳидони ҳол гуфтанд, соати 14:40 дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб сел омад. Дар натиҷаи тадбирандешиҳои бетаъхири кормандони “IRS” қитъаи мазкур фавран мазкур тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Минбаъд, бинобар шиддат гирифтани бориши борон соати 16:30 дар километри 21-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ  сели азим омада, боиси фаромадани ярч гардид.  Дар натиҷа, 15 мошини сабукрав  зери лой монда, осеби на он қадар ҷиддӣ диданд. Аниқтараш баробари тавассути техникаҳои филиали ширкат аз лой берун кашидан, ба ҳаракат даромаданд.

Бо назардошти ҳолати мазкур, теъдоди зарурии техникаҳои “IRS”  ба макони аз офати мазкур  зарардида  сафарбар шуданд ва корҳои марбут ба рафъ намудани оқибатҳои офати табиӣ зери назорати ҷиддии роҳбари филиали ширкат қарор дошт. Дар ҳамкорӣ бо масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва БДА ВКД ҶТ  соати  2-и  28-уми августи соли ҷорӣ  вазъ ба эътидол оварда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт  аз ҳар ду ҷониб барқарор карда шуд.

Омадани сел, сангфароӣ ва лағзиши кӯҳпора дар қитъаҳои дигари роҳи Душанбе – Чаноқ, аз ҷумла минтақаи Зарафшон  низ ба амал омада, дар ҳама маврид кормандони “IRS” барои фавран бартараф намудани монеаҳои бавуҷудомада чораҳои дахлдор андешиданд.

Маҳз азми қавӣ ва масъулиятшиносии кормандони “IRS”  боис шуд, ки дар муддати кутоҳ пайомади офати зикршуда бартараф гардад. Ёдовар бояд шуд, ки корҳои бартарафсозӣ  ҳатто шабона низ қатъ нагардид.

Дар натиҷаи ин офати табиӣ, ки давоми солҳои охир бесобиқа маҳсуб мешавад, даҳҳо  километр роҳ осеб дида, зарурати  таъмири куллии масофаи зиёди роҳ дар ин масир ба миён омадааст. Таъкид менамоем, ки “IRS” барои сари вақт анҷом додани ин кор тавонманд буда, кафолат медиҳем, ки дар муддати кӯтоҳ оқибатҳои ин офат рафъ хоҳад шуд.   Ҳоло корҳои бартарафсозӣ босуръат идома дошта, ҳаракати муназзами тамоми нақлиёт таъмин аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь