Ширкати IRS, ки масаъули нигоҳубини роҳҳои шимоли кишвар аст, эълон кардааст, аз 1-уми январи соли 2022 нархномаи нави убури роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ амалӣ мешавад, ки нархҳо то 33 дарсад афзудаанд.

Дар эъломияи ин ширкат гуфта мешавад, ки бо дастрасӣ ба  сархати 16 қисми 1 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», банди 6 «Низомнома оид ба тартиби танзими нарх (тариф) ба маҳсулот ва молҳои тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор — доминантҳо ва инҳисорон» ва дар асоси банди 12 Низомномаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармоиши сардори Хадамоти зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифаҳои тағйирёфтаи гузариш аз плазаҳои толлингии роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ», ки аз ҷониби Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд, ба мувофиқа расида, аз 1 январи соли 2022 мавриди истифода қарор мегиранд.

Масалан, барои убур аз палазаи топлингии Варзоб мошинҳои сабукрав 3 сомонӣ пардохт мекарданд, аз соли нав бояд 5 сомонӣ супоранд.

Ширкат гуфтааст, ки сабаби таҷдиди назар шудани таърифаҳо, ин пайомади буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои охир мебошад, ки дар баробари дигар субъектҳо, ба фаъолияти филиали ширкат низ таъсири манфӣ расонидааст.

Сабаби дигаре, ки хароҷоти филиали ширкатро зиёд намудааст, ин ба итмом расидани муҳлати истифодаи ҷузъҳо ва элементҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ мебошад. Онҳо пай дар пай корношоям шуда, аксарият дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд.  “IRS” ҷиҳати таъмини иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳолии мамлакат баҳри сари вақт таъмир намудани қисмҳо ва элементҳои корношоямшудаи роҳ ва амалӣ намудани дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳ, маблағи зиёд сарф намуда истодааст.

Дигаргунӣ дар таърифаҳо:

Плазаи толингӣ Категория Буд Шуд
Ғайринақдӣ (тавассути корти пардохтӣ ва RFID Нақдӣ
 

Плазаи толингии Варзоб

1 3.00 4.00 5.00
2 12.00 14.00 15.00
3 30.00 32.00 33.00
4 38.00 40.00 41.00
Плазаи толингии Ҳушёрӣ 1 21.00 25.00 29.00
2 59.00 69.00 74.00
3 147,00 157.00 162.00
4 185.00 196 .00 200.00
Плазаи толингии Шаҳристон 1 23.00 29.00 35.00
2 69.00 81.00 87.00
3 173.00 184.00 190.00
4 217.00 230.00 236.00
Плазаи толингии Истаравшан 1 6.00 8.00 10.00
2 21.00 25.00 26.00
3 53.00 56.00 58.00
4 66.00 70.00 72.00
Плазаи толингии Деҳмой 1 2.00 3.00 4.00
2 6.00 7.00 8.00
3 30.00 32.00 33.00
4 38.00 40.00 41.00
Плазаи толингии Чорух 1 4.00 5.00 6.00
2 21.00 25.00 26.00
3 60.00 64.00 66.00
4 94.00 100.00 103.00

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь