Бар асари сӯхтор дар як ҷашни арӯсӣ дар вилояти Найнава дар шимоли Ироқ беш аз 450 нафар кушта ё захмӣ шуданд. Дар ин бора созмони Ҳилоли Аҳмари ин кишвар рӯзи 27-уми сентябр хабар дод.

Ин созмон дар паёме дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер) гуфтааст, “Теъдоди кушташудагон ва маҷруҳон дар натиҷаи сӯхтор дар як толори арӯсӣ дар ноҳияи Ҳамадония дар шарқи Мусил аз 450 нафар гузашт”.

Тибқи изҳороти муқаддамотии полис, сӯхтор бар асари истифодаи васоили оташбозӣ дар як минтақаи баста, ки дар он қоидаҳои бехатарии сӯхтор риоя нашуда буд, рух додааст.

Пештар рӯзи 27-уми сентябр шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” бо такя ба мақомот хабар дод, ки теъдоди қурбониёни сӯхтор дар як тӯй дар вилояти Найнавои Ироқ ба 120 нафар расида, 200 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар аввал гузориш шуда буд, ки 100 нафар кушта ва беш аз 150 нафар захмӣ шудаанд. Раёсати дифоъи шаҳрвандии Ироқ қайд кард, ки толори арӯсӣ бо девораҳои оташгиранда пӯшонида шуда буд, ки ин сабабии «сӯхтор дар дохили толор ва баъдан васеъ шудани доираи оташсӯзӣ гардид, ки боиси фурӯ рафтани қисматҳои толор шудааст».

Нахуствазири Ироқ Муҳаммад Шиа ал-Судонӣ ба вазоратҳои корҳои дохилӣ ва беҳдошт дастур дод, то барои расонидани кумак ба осебдидагон аз сӯхтор чора андешанд. Вазорати тандурустии кишвар аз Бағдод ва дигар вилоятҳо нерӯҳои иловагӣ фиристод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь