Тарабхонаи “Суғдиёна”-и ҷамоати шаҳрвандони Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Боткенти Қирғизистон 16 декабр аз меҳмонон лабрез буд. Дар ин ҷо бахшида ба 90-солагии адиби тоҷик, аъзои Иттифоқи нависандагони Қирғизистон ва Тоҷикистон Шарифҷон Учқӯрғонӣ  маҳфили бошукӯҳ баргузор гардид.

Мухтасар ҳасби ҳоли ӯ: Шарифҷон Абдураззоқов, мутахаллис ба Шарифҷони Учқӯрғонӣ соли 1931 дар деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар Донишкадаи муаллимтайёркунии Марғелон давом додааст ва онро соли 1953 хатм кардааст. Баъд якчанд сол ба касби омӯзгорӣ машғул шудааст. Солҳои 1958-1962 дар вазифаи аввалин муҳаррири рӯзномаи тоҷикии “Байрақи мусобиқа”-и собиқ ноҳияи Учқӯрғон кор кардааст. Минбаъд дар баробари идомаи касби омӯзгорӣ ба эҷоди шеъру достонҳо, ҳикояҳо, хотираҳову ёддоштҳои худ шуғл варзидааст.

Шарифҷони Учқӯрғонӣ муаллифи китобҳои тоҷикии “Панди падар”, “Панде аз даҳане”, “Таҷрибаи рӯзгор”, “Замони ман” ва  китоби “Умрамро барои ту сарф кардам” мебошад, ки он ба забони қирғизӣ таълиф шудааст. Устод Учқӯрғонӣ бо медали “Барои хизматҳои шоиста”-и Тоҷикистон ва медали тиллои Хазинаи ба номи Абулқосим Фирдавсии Қирғизистон, инчунин нишони “Аълочии маорифи Қирғизистон”  сазвор гардидааст.

Аҳмадҷон Абдураҳмонов, раиси ҳукумати ҷамоати Учқӯрғон зимни суханронӣ дар ҷашнвора гуфт, ки устод Шарифҷони Учқӯрғонӣ ифтихори мардуми ду кишвари ҳамҷавор-Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад.

-Аксарияти онҳое, ки ин ҷо ҳузур доранд, шогирдони устод Учқӯрғонӣ ҳастанд. Он кас ба мо дар баробари адабу фарҳангомӯзӣ дарси одаму одамгарӣ низ омӯхтаанд. Ҳоло аз кӯҳансолтарини ҷамоати шаҳрвандони Учқӯрғон маҳсуб меёбанд. Чанд дафтари шеърашон барои ҳаводорони шеъри ноби форсӣ тақдим шудааст,-изҳор намуд Аҳмадҷон Абдураҳмонов.

Вақте ки аз тариқи онлайн дар экрани калони тарабхонаи “Суғдиёна” чеҳраи академики Академияи илмҳои тибби Қирғизистон, фарзанди фарзонаи ин диёри одамонаш илму фарҳангдӯст Абдуҳалим Раҳимҷонов пайдо шуд, ҷамоати маҳфил аз ҷой бархестанд ва ба воситаи кафкӯбиҳо нисбати вай эҳтироми хос нишон доданд.

Абдуҳалим Раҳимҷонов дар баробари фаъолияташ дар соҳаи тиб солҳои зиёд раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи устод Рӯдакиро бар дӯш доштааст ва ҳоло ба ҳайси раиси ифтихорӣ дар чорабиниҳои он низ фаъолона иштирок мекунад.

-Устоди арҷманду меҳрубон, домулло Шарифҷон! Хеле хушбахту хушҳолам, ки аз пойтахти кишвар бо шумо рӯ ба рӯ истида сӯҳбат мекунам. 90 соли умри бобаракататон мубораку фархунда бод! Шумо сутуни илму адабу фарҳанги тоҷиктаборони Қирғизистон муаррифӣ шудаед ва барои як қатор олимони соҳаи тиб, ки аз деҳаи Учқӯрғон сабзида баромадаанд, ҳаққи устодӣ доред. Умратон дароз ва он рӯз насиби мо бод, ки маҳфили садсолагии шуморо баъди даҳ соли дигар низ бо чунин шукӯҳ ва шаҳомат баргузор намоем. Аз Худованди якто ва қодир таманно мекунам, ки банда низ бевосита дар он маҳфил паҳлӯи шумо нишинам,-гуфт академик Абдуҳалим Раҳимҷонов.

Хуршед Ҳамробоев ба  намояндагӣ аз Ассамблеяи халқи Қирғизистон ва Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ дар ин маҳфили бошукӯҳ Шарифҷони Учқӯрғониро бо санаи мубораки 90-солагӣ шодбош гуфт. Вай афзуд, ки барои ҳар як аъзои Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ва шӯъбаҳои вилоятии он устод Учқӯрғонӣ боиси ифтихор мебошад.

-Муҳимтар аз ҳама, барои тамоми мардуми тоҷиктабори кишвари мо мусаллам аст, ки Шарифҷони Учқӯрғонӣ дар таъсис ва пешрафту рушди ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ нақши хеле муассир бозидааст. Имрӯзҳо низ бо маслиҳату машварати худ устод бо фаъолони он ҳамкорӣ мекунад,-тазаккур дод Хуршед Ҳамробоев.

Дар ин маҳфил намояндагони ҳукумати ноҳияи Қадамҷо, ташкилотҳои давлативу ғайридавлатии он, инчунин омӯзгорони мактабҳои таълимоти ҳамагонии ҷамоати шаҳрвандони Учқӯрғон, ки номи устод Рӯдакӣ, мавлоно Ҷомӣ, Садриддин Айниро доранд, дар бораи паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Шарифҷони Учқӯрғонӣ, осори гаронбаҳои ӯ ба иштирокчиёни маҳфил маълумот ироа намуданд.

Ғафурҷон Шокиров аз зумраи омӯзгороне мебошад, ки дастпарвари Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст ва солҳои зиёд дар мактаби ба номи Рӯдакӣ мудир шуда кор кардааст. Вай дар бораи он ҳарф зад, ки устод Шарифҷони Учқӯрғонӣ байтҳои зиёдеро ба мавзӯи панду ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бахшидааст.

-Намунаҳои зиёди ин гуна байтҳо аз ашъори ӯро ҳоло дар роҳраву пештоқи мактабҳои ҷамоатамон овезон кардаем. Вақте ки шогирдон аз шафати он убур мекунанд, ҳатман ин байтҳоро мехонанд ва панд мегиранд,-гуфт Ғафурҷон Шокиров.

Дар поёни маҳфил соҳибҷашн Шарифҷони Учқӯрғонӣ аз ҳамаи меҳмонон барои ширкат дар маҳфили 90-солагиаш самимона сипосгузорӣ намуд.

-Имрӯз ин кошонаи бошукӯҳи деҳи мо аз қадами мубораки шумо, меҳмонони азиз ва дӯстони зиёди мо боз ҳам нуру таровати тоза пайдо кард. Аз суҳбатҳои самимии шумо сарам ба осмон расид. Ҳар ҳарфи дар ҳақи банда гуфтаатон бароям болу пар бахшид,-гуфт бо таъзим устод Учқӯрғонӣ.

Дарвоқеъ, бар асоси ашъори ин адиби тоҷики қирғизистонӣ як гурӯҳ омӯзгорони мактаби миёнаи ба номи устод Садриддин Айнӣ намоишномаи адабӣ-мусиқиро ба манзури иштирокчиёни маҳфил ҳавола намуданд ва мавриди кафкӯбиҳо қарор гирифтанд.

Суруду таронаҳои овозхонҳо ва шеърхонии наттоқон Алиҷон Қосимов, Бобурҷон Шарофиддинов, Дилуфар Ҳаитбоева, Манзурахон Ҳусейнбоева ва Мамлакат Ҳаитбоева, ки сар то по аз ашъори Шарифҷони Учқӯрғонӣ иборат буданд, табъи иштирокчиёни ин маҳфилро хеле шод намуд.

Ногуфта намонад, ки Шарифҷони Учқӯрғонӣ дар ин сину сол низ машғули эҷоди шеъру тарона мебошад. Ба гуфтаи ӯ ҳоло маҷмӯаи навбатии шеъриашро барои чоп ҳозир менамояд ва ин шаърҳояш мазмун ва мундариҷаи гуногунро фаро гирифтаанд.

Мухбири “Фараж” низ зимни ширкат дар маҳфили 90-солагии адиби тоҷики муқими Ҷумҳурии Қирғизистон устод Шарифҷони Учқӯрғонӣ аз номи ҳамкорон ба соҳибҷашн табрикоти самимӣ ироа намуд ва барояш умри дароз таманно кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори хоси “Фараж”.

Тошканд-Учқӯрғон-Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь