Рӯзи 16-уми май дар ҷаласаи кумитаи қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсиявакил Ҷенишбек Токторбоев лоиҳаи қонунеро муаррифӣ кард, ки ҳадафаш аз байн бурдани фасод дар хизмати давлатӣ мебошад.

Тибқи ин санад, шахсе, ки барои содир кардани коррупсия ва дигар ҷиноятҳои зидди манфиатҳои хидмати давлатӣ маҳкум шудааст, ва агар ҳатто доғи судиаш пок шуда бошад ҳам, наметавонад ҳоким, раиси шаҳр, раиси ҳукуматҳои деҳот, вакили маҷлисҳои маҳаллӣ, корманди давлатӣ ва коммуналӣ бошад, хабар медиҳад 24 .kg.

Депутат пешниҳод мекунад, шахсоне, ки бо моддаҳои «фасод», «сарватҷамъкунии ғайриқонунӣ», «суистифода аз ваколати мансабӣ», «тамаъҷуии пора», «миёнаравӣ дар тамаъҷуии пора», «хунукназарӣ нисбат ба вазифа» ва ғайра маҳкум шудаанд, вазифа ишғол накунанд.

Дар ҷаласа вакил Русланбек Жакишов гуфт, ки ҳамтоаш лоиҳаи қонуни заруриро пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, онҳое, ки замоне корхонаҳоро тахриб карда, даст ба коррупсия зада буданд, имрӯз худро элита медонанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ин афрод дар вазифаҳои баланд нишастаанд.

– Писарону набераҳояшон кор мекунанд. Ин гуна одамонро бераҳмона ҷазо додан лозим аст. На танҳо онҳо, балки фарзандонашон набояд дар мансабҳои давлатӣ кор кунанд. Чун дар Чин дасту ангуштонашонро бо табар буридан лозим, ба мо чунин конун лозим. Дуздон ҳоло худро элита мешуморанд”, – гуфт Русланбек Жакишов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь