Иҷрокунандаи вазифаи президенти муваққати Қирғизистон Садир Ҷапаров бори аввал нишасти хабарӣ барпо кардааст. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд. Тибқи баъзе хабарҳо Садир Ҷапаров қабл аз он, ки дар нишасти хабарӣ ширкат кунад, аз ваколати иҷрокунандаи вазифаи президенти муваққати Қирғизистон даст кашидааст. Гуфта мешавад, ду соат қабл аз баргузории нишасти хабарӣ вай инро маълум кардааст.

Дар нишасти хабарӣ перомуни ислоҳоти конститутсионӣ Садир Ҷапаров гуфтааст, лоиҳаи нави Конститутсия таълиф мегардад. Баъд он ба парлумон тақдим карда мешавад ва депутатҳо маълум хоҳанд кард, ки дар Қирғизистон сохти конститутсионӣ иваз мешавад, ё на. Ба гуфтаи ӯ ислоҳоти конститутсионӣ талаби мардуми кишвараш мебошад. Вай афзудааст, ки мардуми Қирғизистон ба диктатура роҳ намедиҳанд.

Садир Ҷапаров ҳамзамон хабари интиқоли минтақаи Ҷетим-Тооро ба Чин рад намуда, гуфтааст, ки ягон метр замини ин мамлакат ба Чин дода намешавад.

– Мо ҷустуҷӯ мекунем ва масъалаи ба Чин баргардонидани қарзро ҳаллу фасл мекунем, – гуфтааст Садир Ҷапаров.

Бар асоси суханони ин мақоми қирғиз масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи миёни Қирғизистон бо Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо айби роҳбарони пешини Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастааст. Вай афзудааст, ки хадамоти марзбонии кишварашро ба тасарруфи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегузаронанд, зеро дар тамоми фазоои ИДМ чунин ҳолат мавҷуд аст.

– Сооронбой Ҷеэнбеков ба ҳайси собиқ президенти мамлакат ягон ҷинояти вазнин содир накардааст, барои ҳамин мақоми собиқ – президентии ӯ боқӣ мемонад ва минбаъд дар Қирғизистон ҳукумат аз роҳи сулҳ ва қонун тағйир дода мешавад, – иброз доштааст Садир Ҷапаров.

Перомуни Алмазбек Отамбоев вай гуфтааст, ки агар ин кор зери дасти иродаи ӯ мебуд, Отамбоевро аз зиндон раҳо мекард, вале аз рӯи қонун бояд ба ин масъала нигоҳ кард.

Дар Қирғизистон ташаббус кардаанд, ки қарзҳои берунаро аз роҳи ҷамъоварии маблағ ва дастгирии сарватмандони қирғиз ҷуброн кунанд. Садир Ҷапаров дар ин робата гуфтааст, ки вай аз ин ташаббус ҷонибдорӣ мекунад. Ба таъкиди ӯ, вале бархе аз афрод ба ин кор монеъа эҷод менамоянд.

– Ин маблағ танҳо аз роҳи ихтиёрӣ ҷамъоварӣ мешавад ва касе маҷбур нахоҳад буд, ки бидуни хосташ маблағ супорад, – гуфтааст иҷрокунандаи вазифаи президенти муваққати Қирғизистон.

Гуфта мешавад, қарзи берунаи Қирғизистон дар ҳамин ҳол дастикам панҷ миллиард доллари амрикоист. Дастикам ду миллиард доллар қарзҳои имтиёзнок мебошанд ва наздик ба ду миллиард доллар марбут ба кишвари Чин мебошад, ки Қирғизистон бояд ҷуброн кунад. Ин қарз 42,5 дарсади ҳаҷми умумии қарзҳоро ташкил менамояд.

Аз Садир Ҷапаров пурсида шуд, ки чаро вай галстук намебандад. Вай дар посух ба ин суол гуфтааст, ки галстук гулӯяшро хафа мекунад, вале дар ҷамъомади СҲШ маҷбур буд, галстук бандад.

Садир Ҷапаров дар робита ба ҳодисаҳои 7 апрели соли 2010 ва то чи андоза айбдор будани Қурмонбек Боқиев чунин посух додааст:

– Ман ин парвандаро мавриди омӯзиш қарор надодаам ва барои ин вақт ҳам надоштам. Масъалаи истирдод марбути Додситонии кулл мебошад, ки даҳ сол боз машғули он аст. Ба фикри ман ин масъала бояд то охир баррасӣ гардад. Мо ҳамагӣ даҳ рӯз дар фазои ором фаъолият намудем, – изҳор кардааст Садир Ҷапаров.

Садир Ҷапаров перомуни ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар муқобили хоҳараш Райкул Ҷапароваро, ки дар пулшӯӣ муттаҳам шудааст, фармоишӣ арзёбӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ин хонум ҳоло дар Лаҳистон паноҳгоҳи сиёсӣ хостааст.

Мавсуф дар нишасти хабарӣ тазаккур додааст, ки ҷойҳои иҷрои ҷазо ба ислоҳоти куллӣ ниёз доранд.

– Дар маҳбасҳои Қирғизистон асосан одамони оддӣ ва камбизоат хобанд. Дар он ҷо ягон фарзанди одамони сарватманд дида намешавад. Бисёриҳо ғайриодилона ба ҷазо кашидаву он ҷо муҳлатро сипарӣ мекунанд. Онҳо қурбониёни системи фасодзадаи ниҳодҳои интизомӣ мебошанд. Ба аксари онҳо барои ҳисобот парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд, бегуноҳонро бо маводи мухаддир муттаҳам намудаанд, – мегӯяд Садир Ҷапаров.

Дар нишасти хабарӣ Садир Ҷапаров ба 30 савол посух додааст. Дар он 148 журналист аз 86 кишвари дунё ширкат кардаанд. Гуфта мешавад, ки вай аз аввал то охир ба забони давлатӣ – қирғизӣ суҳбат кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь