3-уми майи соли равон котиби генералии форуми Исиқ-Кӯл ба номи Чингиз Айтматов, фаъоли ҷамъиятии Қирғизистон Ассол Молдокматова (Assol Moldokmatova), дар саҳифаи фейсбукиаш матлаберо таҳти унвони «ХАБАРИ ХУШ: ВОКУНИШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ, ҷаноби Раҷап Тайип Эрдуғон» нашр кард (бойгонӣ).

Бино ба навиштаи Ассол Молдокматова, гӯиё ба ӯ хабар додаанд, ки мактуби кушоди шикоятии ӯ аз «таҳдиди ҷониби Тоҷикистон ба Қирғизистон» ба унвони Раисҷумҳури Туркия ба Раҷап Тайип Эрдуғон дастрас шудааст ва гӯиё вокуниши оҷилии раҳбари Туркияро ба бор овардааст (бойгонӣ).

Иқтибос:

«Ходими ҷамъиятии Туркия Омер Эрдуғон ба ман ҳозир хабар дод, ки номаи кушоди ман ба Президенти Туркия муваффақ шуд ва вокуниши оҷилии ҷаноби Раҷап Тайип Эрдуғонро ба бор овард. Ба гуфтаи Омер Эрдуғон, Президенти Туркия Эрдуғон намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Русияро даъват намуда, дархости ба Тоҷикистон расонидани ҳушдорро дар бораи он, ки таҷовузи низомӣ бар зидди Ҷумҳурии дӯсти Қирғизистон такрор нашавад, изҳор намуд».

Дар мавод гуфта мешавад, ки гӯиё дар ин бора ба Ассол Молдокматова нафаре бо ном Омер Эрдуғон (Ömer Erdoğan) хабар додааст. Чун дар матлаб оҳанги ҷиддии хушдор нисбати Тоҷикистон аз ҷониби Раисҷумҳури Туркия дида мешавад, чанд нафар бо ирсоли ин матлаб аз мо хоҳиш намуданд, ки ҳақиқати онро мавриди санҷиш қарор диҳем.

Ҳукнома: Дурӯғ

Скришот аз саҳифаи фейсбукии Assol Moldokmatova

Дар бораи ба ном «ҳушдор»-и Раисҷумҳури Туркия нисбат ба Тоҷикистон дар ягон манобеи расмӣ гуфта нашудааст. Ин маълумотро танҳо Ассол Молдокматова нашру паҳн кардааст ва ҳатто сарчашмаи маълумоте, ки ӯ ба он ишора кардааст, дар ин бора расман чизе нашр накардааст. Аз ин хотир, гуфтаҳои Ассол Молдокматова тасдиқи худро наёфтанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Санҷиши 1:

Нахуст мо ин матлабро аз саҳифаҳои худи Раҷап Тайип Эрдуғон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷустуҷӯ намудем. Дар саҳифаи расмии Эрдуғон дар шабакаҳои иҷтимоии FacebookTwitterInstagram ва Telegram-канали ӯ то соати 18:00-и санаи 03.04.2021 дар бораи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон чизе нашр нашудааст. Дигар ин ки дар расонаҳои хабарии Туркия маҳз дар бораи «ҳушдор» нисбати Тоҷикистон аз ҷониби Эрдуғон ягон матлаби расмӣ ҳам вуҷуд надорад.

Санҷиши 2:

Муаллиф мегӯяд, ки гӯиё «Президенти Туркия Эрдуғон намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Русияро даъват намуда, дархости ба Тоҷикистон расонидани ҳушдорро барои такрор нашудани таҷовузи низомӣ бар зидди Ҷумҳурии дӯсти Қирғизистон» кардааст. Вале ин нукта воқеан ҳам шубҳанок менамояд, зеро ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки агар дарвоқеъ ҳамингунае, ки муаллиф мегӯяд, «Чаро ҷаноби Эрдуғон сафири Тоҷикистон дар Туркияро даъват карда, ин нуктаро баён надошта, онро маҳз ба намояндаи ВКХ-и Русия гуфт? Магар Тоҷикистон зертобеи Русия аст, ки Туркия ба воситаи ин кишвар Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад? Ё Русия ваколати назорати Тоҷикистонро ҳамчун як Ҷумҳурии соҳибистиқлол дорад? Ва ё агар дар ҳақиқат хонум Молдокматова посухи расмии ҷаноби Эрдуғонро ба даст оварда бошад, пас чаро намунаи онро дар саҳифаи худ намегузорад?». Ин ҳама суолҳое ҳастанд, ки эҳтимоли бофта будани матлаби Ассол Молдокматоваро ба миён меоранд.

Санҷиши 3:

Ахиран, вазири корҳои хориҷии Туркия Мевлют Чавушоғлу (Mevlüt Çavuşoğlu) дар саҳифаи Twitter-и худ навиштааст (бойгонӣ): «Мо бо ВКХ-и Қирғизистон Руслан Казакбоев ва ВКХ-и Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин алоҳида тавассути телефон суҳбат оростем. Умедворем, ки мушкилоти байни ду кишвари бародар бо роҳи осоишта ҳал хоҳад шуд. – Мо омодаем, ки кӯмаки заруриро расонем. – Мо аз созиши оташбаси ҳосилшуда қаноатмандем».

Яъне, ин ҷо сухан дар бораи аз омодагии кишвари Туркия барои кӯмак ба ҳар ду «кишвари дӯст» гуфта шудааст.

Санҷиши 4:

Масъалаи дигар ин ки чаро Ассол Молдокматова маҳз номи Омер Эрдуғонро дар матлабаш қайд кардааст? Дар ҳоле, ки Омер Эрдуғон як коргардони кино ва фаъоли ҷамъиятие аст, ки продакшн-студияе бо ном «KAFYAPIM» дорад. Асари дуҷилдаеро ҳам таҳия намудааст, ки «Бедории дашт»-и Чингиз Айтматов ном дорад. Агар ҳатто ба навиштаи худи Ассол Молдокматова аҳамият диҳем, робитаи байни Омер Эрдуғон ва Ассол Молдокматова, ки вазифаи Котиби генералии форуми Исиқ-Кӯл ба номи Чингиз Айтматови Қирғизистонро бар дӯш дорад, яз фаъолияти ҳардуи ин нафар маншаъ мегирад. Яъне, яке мудирияти форуемро ба номи Чингиз Айтматов дар дӯш дорад ва дигаре дар бораи Чингиз Айтматов асаре таҳия намудааст. Аммо бояд зикр намуд, ки Омер Эрдуғон дар ягон мансаби баландпояи Қирғизистон кор намекунад ва ҳеч робитаи пайвандӣ бо Раисҷумҳури Туркия Раҷап Тайип Эрдуғон надорад.

Акси якҷояи Assol Moldokmatova ва Ömer Erdoğan

Ин ҷо метавон танҳо як нуктаро зикр кард, ки Омер Эрдуғон дар бораи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон 1-уми майи соли раовн чунин навиштааст (бойгонӣ): «Теъдоди қурбониён аз ҷониби Қирғизистон дар натиҷаи муноқишаи тирандозӣ баҳри назорати об дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон 34 нафар, шумораи осебдидагон ба 173 нафар расидааст, бояд муколама пеш аз он ки чуқуртар шавад, оғоз гардад…».

Аммо номбурда дар бораи мактуби Ассол Молдокматова чизе нанавиштааст ва ҳатто ягон вокунише накардааст. Яъне, аз ин ҷо бармеояд, ки «ҳушдор»-и Раисҷумҳури Туркия ба Тоҷикистон бофтаи худи Ассол Молдокматова асту бас.

Хулоса

Дар натиҷаи далелсанҷӣ маълум гардид, ки изҳороти Ассол Молдокматова дар бораи «ҳушдор»-и Раисҷумҳури Туркия Раҷап Тайип Эрдуғон ба Тоҷикистон аз ягон манобеи расмӣ тасдиқи худро наёфтанд. Аз ин лиҳоз, мо ба ин изҳороти бофта ҳукмномаи «Дурӯғ»-ро додем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь