Комиссияи марказии интихоботи Русия 99,75 дарсади ҳуҷҷати комиссияҳои қитъавиро аз назар гузаронида, ба хулосае омадааст, ки ба номзадии президенти феълии Русия Владимир Путин дар интихоботи президентии рӯзи 18-уми март 76,67 дарсади интихобкунандагон овоз додаанд.
Номзад аз Ҳизбим коммунисти Русия Павел Грудинин 11,79 дарсад, пешвои Ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский 5,66 дарсади раъйи интихобкунандагонро соҳиб шудаанд. Ксения Собчак дар ин интихобот 1,67% овоз гирифтааст. Ба роҳбари ҳизби «Яблоко» Григорий Явлинский 1,04%, ба Борис Титов 0,76%, ба Максим Сурайкин 0,68% ва ба Сергея Бабурина 0,65 дарсади интихобкунандагон овоз додаанд.
Гуфта мешавад, ки шумораи орои ба дастовардаи Путин дар тамоми фаъолияти сиёсиаш беҳамто буда, рекорд ҳисобида шудааст.