Дар 6 моҳи соли 2023 аз ҷониби ҷавонони вилояти Хатлон  518 ҳолати ҷиноят аз ҷониби 598 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 152 ҳолат кам мебошад, гуфт сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишb вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ

Номбурда илова кард, ки дар ин давра оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз даст задан  ба ҷиноят ва ҷинояткорӣ Раёсати мазкур дар якҷоягӣ бо сохторхои махаллӣ дар самти таъмини ҳуқук ва манфиатҳои ҷавонон дар мачмуъ 110 чорабинӣ бо фарогирии 5301 нафар ташкилу баргузор карда шудааст.

Қайд гардид, ки  варзишгарони вилоят дар беш аз 90 чемпионат ва мусобиҳаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 334 медали тилло, 363 медали нуқра, 440 медали биринҷӣ, хамагӣ 1137 медал гардиданд.

Инчунин варзишгарони вилоят дар 17 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, 27 медали тилло, 28 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар умум варзишгарони вилоят 361 медалb тилло, 391 медалb нуқра, 475 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 1227 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 48 медал зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь