Кобинаи Нарендра Модӣ ин ташаббусро бо он асоснок кард, ки номи “Ҳиндустон”-ро Бритониё дар замони ҳукмронии мустамликадораш ба ин кишвар додааст, аз ин рӯ рамзи ғуломӣ аст.

Ҳукумат таҳти сарварии Нарендра Модӣ тасмим дорад, дар ҷаласаи ғайринавбатии порлумон, ки аз 18 то 22-юми сентябр баргузор мешавад, дар бораи тағйири номи расмии Ҳиндустон ба Бҳарат (Бҳорот) қатънома пешниҳод кунад, хабар медиҳад Times Now бо истинод ба манобеи кобинаи ҳукумат.

Роҳбарони ҳизби «Бхаратия Ҷаната» (Ҳизби халқии Хиндустон) ба Бҳарат табдил додани номи кишварро тарафдорӣ карданд. Вакил Рачя Сабҳа Нареш Бансал дар анҷумани ба қарибӣ анҷомёфтаи палатаи болоӣ ба сухан баромада, гуфт, ки номи «Хиндустон» рамзи асорати мустамликадорон мебошад ва бояд аз Конститутсия гирифта шавад.

“Бритониёҳо номи Бҳаратро ба Ҳиндустон иваз карданд. Моддаи 1-и Конститутсия мегӯяд: “Ҳиндустон, яъне Бҳарат”. Кишвари моро ҳазорҳо сол бо номи Бҳарат мешиносанд… Ин номи қадимаи ин кишвар аст, ки дар матнҳои қадими санскрит дида мешавад. Номи “Ҳиндустон” бо ҳукмронии мустамликадорон дода шудааст ва аз ин рӯ, рамзи ғуломӣ аст”, гуфт Сабҳа.

Нақшаи тағйир додани номи кишварро раҳбари Конгресси Миллӣ Ҷайрам Рамеш тасдиқ кард. Вай тавзеҳ дод, ки кохи президентӣ дар Ҳиндустон Раштрапати Бҳаван, ба ширкаткуннадгони кишварҳои G20 аз номи президенти кишвари Бҳарат даъватнома фиристодааст. “Пас, ин хабар воқеан дуруст аст”, гуфт Рамеш дар Твиттер.

Тибқи Конститутсия, ин кишвар ду забони расмӣ дорад: англисӣ ва ҳиндӣ. Дар забони англисӣ ин кишвар Ҳиндустон номида мешавад ва дар ҳиндӣ Бҳарат.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь