Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи муқаррароти кунунии Ҳукумати Ҳиндустон, дорандагони кортҳои OCI (шаҳрвандии Ҳиндустон дар хориҷа) пас аз расидан ба синни 20-солагӣ бояд корти OCI-ро пас аз гирифтани шиносномаи нав дубора ба даст оранд.

Бино ба иттилои манбаъ, барои роҳ надодан ба нороҳатӣ ба чунин дорандагони кортҳои OCI бинобар пандемии COVID-19, Ҳукумати Ҳиндустон вақти дубора додани кортҳои OCI-ро дар чунин ҳолатҳо то 31-уми декабри соли 2022 тамдид кардааст.

– Ба чунин дорандагони кортҳои OCI инчунин иҷозат дода мешавад, ки бо кортҳои мавҷудаи OCI бо рақами шиносномаи куҳна сафар кунанд, ба шарте, ки дорандагони корти OCI бо шиносномаи нав сафар кунанд, – меафзояд манбаъ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь