Интихоботи парлумонӣ дар Ҳиндустон дар чанд марҳила аз 19-уми апрел то 1-уми июн баргузор шуд.
Ҳизби сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба рақобати шадидтар аз интизорӣ рӯ ба рӯ шуд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, Ҳизби Бҳаратия Ҷаната (ҲБҶ)-и Модӣ аксарияти мутлақи ҷойро дар парлумон таъмин карда наметавонад.
Пешбинӣ мешавад, ки ҳизби Модӣ дар маҷмуъ 244 курсиро ба даст овардааст, ки ин рақам онро бузургтарин ҳизб хоҳад кард, аммо барои ташкили аксарияти мутлақ 272 курсӣ лозим аст. Дар соли 2019-ум ҲБҶ 303 курсиро ба даст оварда буд.
Натиҷаҳо ба Нарендра Модӣ имкон медиҳанд, ки барои давраи сеюм дар мақоми нахуствазир боқӣ бимонад, аммо ӯ бояд бо аҳзоби дигар эътилоф эҷод кунад.
Интихобот дар Ҳиндустон дар чанд марҳила аз 19-уми апрел то 1-уми июн дар ҳафт марҳала баргузор шуд. Ба гуфтаи раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Раҷив Кумар, дар интихобот 642 миллион нафар ширкат карданд.