Интихоботи умумии Ҳиндустон, ки аз моҳи апрел то июн баргузор мешавад, бузургтарин овоздиҳӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар изҳор дошт.
Вай дар паёми видеоӣ ба сеюмин “Саммит барои демократия”, ки дар Сеул сурат мегирад, гуфт: “Бо 968 миллион овоздиҳандаи сабтиномшуда, 15 миллион корманди ҳавзаҳои интихоботӣ ва 1,2 миллион кабинаҳои овоздиҳӣ, интихоботи қарибулвуқуи 18-уми миллии Ҳиндустон бузургтарин интихоботест, ки ин сайёра хоҳад дид”.
Ҷайшанкар аз ҷорӣ кардани мошинҳои электронии овоздиҳӣ ёдовар шуда, гуфт ин “шаҳодат аз саъю кӯшиши Ҳинд ба шаффофият, самаранокӣ ва муқаддас будани раванди демократӣ мебошад”.
Интихобот ба Лок Сабҳа (палатаи поёнии парлумон) ва маҷлисҳои қонунгузории иёлати Ҳиндустон аз 19-уми апрел дар 7 марҳила баргузор мешавад ва натиҷаҳо бояд то 4-уми июн эълон шаванд. Интихоботи охирин соли 2019 баргузор шуд ва он оммавитарин дар таърихи башарият эътироф шуда буд. Бо вуҷуди ин, дар тӯли панҷ соли охир шумораи аҳолии кишвар ба 1,4 миллиард нафар расид, аз ин рӯ, овоздиҳии дарпешистода эҳтимол дорад рекорди соли 2019-ро шиканад.