Дар иёлати Уттар-Прадеш дар шимоли Ҳинд дар ду рӯзи охир бар асари гармии шадиди ҳаво дар ин минтақа дастикам 34 нафар кушта шудаанд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press хабар медиҳад.

Ҷаянт Кумар, пизишки аршади ноҳияи Баллиа, гуфт: “Ҳамаашон аз бемориҳои гуногун ранҷ мекашиданд ва аҳволашон аз мавҷи гармӣ бадтар шуд”.

Ҳамаи фавтидагон аз 60-сола боло буданд. Дар чунин ҳолат пизишкони маҳаллӣ ба мардуми ин синну сол тавсия додаанд, ки рӯзона дар хона бимонанд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони Ҳиндустон, дар ноҳияи Баллия ба наздикӣ ҳадди аксари дамои ҳаво 42,2 дараҷа, 4,7 дараҷа болотар аз ҳолати муқаррарӣ, сабт шудааст. Мавҷи гармо боиси қатъи нерӯи барқ ​​дар иёлати Уттар-Прадеш шуд, ки дар натиҷа мардум аз об бенасиб шуданд ва дастгоҳҳои хунуккунадаи ҳаво кор накарданд.

Аз моҳи апрел то май дар аксари Ҳиндустон гармӣ ҳукфармо мешавад, баъд аз фарорасии боришҳои мавсимӣ дамои ҳаво паст шудан мегирад. Бо вуҷуди ин, дар даҳсолаи охир, ҳавошиносҳо дамои баланди ҳаворо дар Ҳиндустон мушоҳида кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь