Дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия вохӯрии ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Қурбон Ҳакимзода бо президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Қаҳраманмараш Шаҳин Балҷиолу барпо гардид.

Дар ибтидои мулоқот қайд гардид, ки дар муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия имрӯз фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст. Танҳо дар соли гузашта воридоти сармояи мустақими туркӣ беш аз 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ин нишондод назар ба солҳои 2015-2020 бо таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки Хатлон яке аз марказҳои рушдёфтаи аграрию саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар вилоят соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, наздик 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият доранд ва ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад.

Саноати вилоятро ҳудуди 700 корхонаю коргоҳҳои хурду калон намояндагӣ мекунанд, ки беш аз 220 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол менамоянд.

Дар вилоят саноати кӯҳӣ, энергетика, саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ  ва саноати сабук рушд ёфта, соли 2021 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба як миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд.

Дар мулоқот зикр шуд, ки дар шароити рушди муосири иқтисодӣ дарёфти шарикони ҳамкор ва бозорҳои нав, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ хеле муҳим мебошад.

Изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд ба манфиати ду давлат ва халқҳои дӯсту бародар ояндаи нек дошта, ҷонибҳо ҳамкориро дар ин самт густариш хоҳанд дод.

Дар натиҷаи мулоқот миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва Палатаи савдо ва саноати шаҳри Қаҳрамонмараш ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here