Дар таътили тобистонаи имсола ҳукумати шаҳри Бохтар ва шуъбаи маорифи шаҳр нақша доранд, ки 10 ҳазору 950 хонандаи муассисаҳои таълимиву томактабиро ба истроҳатгоҳҳои беруназшаҳриву наздимактабӣ фаро гиранд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шамъигул Шарифзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ният доранд, ки имсол 10 ҳазору 950 хонандаи мактабу кӯдакистонҳои шаҳрро ба истироҳатгоҳҳо ҷалб кунанд.

– Аз ин шумора 490 нафарашонро ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва боқимондаро дар лагерҳои наздимактабӣ фаро мегирем, – илова кард номбурда.

Мудир қайд кард, ҳоло кӯшиш доранд, ки дар назди ҳама муассисаҳои таълимӣ ва кудакистонҳо истироҳатгоҳҳоро бо тамоми шароит омода кунанд, то хонандагон дар таътили тобистона беҳудагардӣ накунанду дар истироҳатгоҳҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Шамъигул Шарифзода илова кард, нақша доранд, ки дар таътили тобистона барои хонандагон ҳар гуна озмуну чорабинӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here