Дар назар аст, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, соли 2024-ум 40 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда шавад ва аз ин ҳисоб садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардад.
Муовини раиси ноҳияи мазкур Неъмонзода Шарофиддин гуфт, ки соли 2023-юм дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 49 иншооти таъйиноти гуногун бо ташкили 100 ҷойи навӣ корӣ бунёд гардидааст.
Ба гуфти ӯ, аз 49 иншоот 7 ададаш коргоҳу корхонаи саноатӣ мебошанд. Дар умум то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ин ноҳия бунёди 203 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он дар ду сол 79 иншооташ сохта ба истфиода дода шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки азимтарин иншооти ҷашнї бинои Қасри фарҳанг, бинои Нозироти андоз, бинои Агентии нафақа, бинои 5-ошёнаи хизматчиёни давлатӣ, бинои МИҲД-и ноҳия ва дигар иншоот мебошад, ки ҳоло кор дар аксари онҳо бо маром идома дорад.