16-уми август аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуруҳи аввали ҳоҷиён аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ парвоз хоҳанд кард. Дар ин бора аз Кумитаи оид ба корҳои дин хабар доданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани анъанаҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо парвози ҳоҷиёнро то 26-уми август ба роҳ мондааст. Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба роҳ монда шудаанд.
Бино ба маьлумоти Кумита, дар соли ҷорӣ барои зиёрати ҷойҳои муқаддас зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш кардаанд.
Блоки рекламавӣ