Дар рейтинги институтсионалии Оҷонсии байналмилалии рейтинги Micro Finanza Rating (MFR) ба наздикӣ нашр шуда – ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл» баҳои α-Medium гирифт.

Баҳодиҳии мазкур ба сатҳи хуби идоракунии корпоративӣ, идоракунии хавфҳо ва системаиназорати дохилӣ, кифоятии сармоя, инчунин сатҳи пасти дучоршавӣ ба пардохтпазирӣ ва хавфҳои бозорӣ вобаста аст.

Рейтинги институтсионалӣ бори аввал ба ширкат дода шуд ва рейтинги гирифташуда нишондиҳандаи эътимоднокии он дар бозори молиявии Тоҷикистон мебошад. «Имон Интернешнл»  ба принсипҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият нисбат ба мизоҷон ва шарикони худ содиқ хоҳад монд ва аз ҷониби созмонҳои мустақили эътироф шудаи байналмилалӣ мунтазам арзёбӣ мешавад.

Маълумот: MFR як  агентии рейтингии умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар Италия ҷойгир аст ва ба молияи фарогиру устувор тахассус дорад. То моҳи декабри соли 2020 агентӣ дар 110 кишвари ҷаҳон беш аз 2 800 арзёбӣ анҷом додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь