Дар як ҷаласа рӯзи 16-уми сентябр раиси вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ба имоми масҷидҳо дастур додааст, ки аз ҳисоби намозгузорони масҷид ва сокинони маҳалла гурӯҳҳои пахтачин ташкил карда, ба саҳрои пахта бароранд.
Яке аз имомони ноҳияи Избаскани вилояти Андиҷон ба шарти ифшо нашудани номаш ба яке аз расонаҳои маҳаллии ин кишвар гуфтааст, дар ҷаласаи раиси вилоят ҳамаи руҳониён ва роҳбарони маҳаллаҳо ширкат карданд.
“Мавзӯи асосии ҷаласа ҷалби сокинон ба саҳрои пахта буд. Ба мо дастур шуд, ки гурӯҳҳои иборат аз 10-15 нафарии пахтачин ташкил кунем”, – гуфтааст имом.
Ҳамзамон, ӯ афзудааст, ки ҳамасола ҳангоми шурӯи мавсими пахтачинӣ дар Ӯзбекистон мақомоти маҳаллӣ ба имомон дастур медиҳанд, ки гурӯҳҳои пахтачин ташкил кунанд. “Соли гузашта аз сабаби сугвории марги президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, касе ба мо кордор нашуд, аммо солҳои пешин мо одамони зиёдеро ба пахтачинӣ сафарбар мекардем”, – афзудааст имом.
Бино ба гузоришҳо ҷалби одамон ба саҳрои пахта тавассути имомон дар ноҳияҳои дигари Ӯзбекистон низ мушоҳида мешавад.