Вошингтон ва Тел-Авив се гузинаи ояндаи навори Ғаззаро, ба шарте, ки артиши Исроил тавонад ҷангҷӯёни Ҳамосро аз он ҷо берун кунад, баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад Bloomberg.  Музокирот дар ҳоле сурат мегирад, ки Аартиши дифои Исроил монёврҳои заминии худро дар ҳудуди таҳти назорати Фаластин густариш медиҳад.

Гузинаи якум, додани назорати муваққатӣ бар ин анклав ба кишварҳои минтақаи Шарқи Наздикро дар бар мегирад; Ҳамзамон дар навори Ғазза нерӯҳои Амрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон мустақар хоҳанд шуд. Ҳузури Арабистони Суудӣ ва Аморати Муттахидаи Араб низ матлуб аст, менависад оҷонсӣ.

Тибқи гузинаи дуюм, дар ин бахш нерӯҳои посдори сулҳ, ба монанди Нерӯҳои чандмиллӣ ва нозирон фаъолият хоҳад кард, мушобеҳ ба маъмурияте, ки бар иҷрои муоҳидаи сулҳи Исроил ва Миср дар соли 1979 (тавофуқнома Камп Девид) назорат мекунад.. Ба гуфтаи манобеъ, Исроил бар ин назар аст, ки “ин идея шоёни баррасӣ аст”.

Гузинаи дигар, мудирияти муваққатии навори Ғазза таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид аст (оҷонсӣ қаблан навишта буд, ки ҷонибҳо дар бораи таъсиси ҳукумати муваққати он ҷо бо дастгирии СММ ва ширкати кишварҳои арабӣ дар назар доранд). Тибқи иттилои Bloomberg, дар Исроил ин пешниҳод ғайри қобили амал ҳисобида мешавад, зеро ба гуфтаи онҳо СММ “нафъи каме дорад”.

Ҳар се гузина, тавре Bloomberg қайд мекунад, барои Ҷо Байден ва дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Халиҷи Форс, “хатари сиёсӣ” доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ, Байден намехоҳад, ҳатто як гуруҳи хурди нирӯҳои амрикоиро зери хатар гузорад. Ҳамчунин, маълум нест, ки кишварҳои араб ба ширкат дар сарнавишти навори Ғазза манфиатдор ҳастанд, ё на.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь