Бар асари обу ҳавои номусоид дар ИМА тақрибан 90 кас ба ҳалокат расиданд. Ба гузориши шабакаи телевизионии NBC, дар аёлатҳои Иллинойс, Пенсилвониё, Миссисипӣ, Вашингтон, Кентуккӣ, Висконсин, Ню Йорк ва Ню Ҷерсӣ марг бар асари сармо ва шамол ба қайд гирифта шудааст.

Дар як ҳафтаи охир дар Амрико бар асари ҳавои номусоид дасти кам 89 кас ҷон бохтанд. Гуфта мешавад, ки бар асари сармо, шамоли сахт ва бориши барф дар Теннесси 25 кас ва дар Орегон 16 кас ба ҳалокат расидаанд.

Марги одамон аз вазъи номусоиди ҳаво дар аёлатҳои Пенсилвониё, Иллинойс, Миссисипӣ, Кентукки, Вашингтон, Висконсин, инчунин дар Ню Йорк ва Ню Ҷерсӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз ин пеш хабар дода шуда буд, ки дар кисми марказии Иёлоти Муттаҳида дамои хаво дар баъзе ҷойҳо то -34,4 дараҷа паст шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь