Ҷозеф Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо руасои ҷумҳури Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон дар нахустин нишасти раёсати ҷумҳурии C5+1 мулоқот кард. Натоиҷи мулоқот дар вебсайти Кохи Сафед нашр шудааст.

Тавре зикр гардид, президентҳо як қатор масъалаҳо, аз ҷумла амният, тиҷорат ва сармоягузорӣ, робитаҳои минтақавӣ, зарурати эҳтиром ба истиқлол ва тамомии арзии ҳамаи кишварҳо, инчунин ислоҳоти ҷорӣ дар самти такмили идораи давлатӣ ва волоияти қонунро баррасӣ карданд.

Ҷо Байден аз андешаҳои ҳамкасбонаш дар бораи чӣ гуна кишварҳо метавонанд барои таҳкими минбаъдаи соҳибихтиёрӣ, устуворӣ ва шукуфоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пешрафти ҳуқуқи башар дар доираи шарикии C5+1 ҳамкорӣ кунанд, истиқбол кард.

«Президенти ИМА инчунин ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои шарикӣ дар ҳалли масъалаҳои амнияти минтақавӣ изҳори сипос карда, омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самти амнияти марзӣ, мубориза бо терроризм ва ҳифзи ҳуқуқ изҳор дошт», – омадааст дар хабари матбуот.

Иёлоти Муттаҳида пешниҳод кард, ки дар чаҳорчӯби формати C5+1 муколама оид ба истихроҷи маъдан барои азхудкунии сарватҳои азими маъданҳои Осиёи Марказӣ оғоз шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь