Ҷо Байден, президенти Амрико, додани паноҳандагӣ ба муҳоҷироне, ки ба таври ғайриқонунӣ марзи ҷанубии Амрико, яъне марз бо Мексикаро убур кардаанд, муваққатан манъ кард. Тибқи изҳороте, ки рӯзи 4-уми июн дар вебсайти Кохи Сафед нашр шуд, чораҳои андешидашуда ихроҷи онҳоеро, ки сабаби қонунии будан дар Иёлоти Муттаҳидаро надоранд, осонтар мекунад.

Маъмурияти Байден гуфт, ин амр, ки фавран эътибор пайдо кард, доимӣ нахоҳад буд. Онҳо вақте ҷорӣ карда мешаванд, ки “сарҳади ҷанубӣ пурбор мешавад”, чунон ки ҳоло рух додааст. Кохи Сафед гуфт, ки агар шумораи муҳоҷироне, ки марзро убур мекунанд, барои мақоат дар “идоракунии амалиёти муҳоҷират” зиёд набошад, ин чораҳо бекор карда мешаванд.

Ба гуфтаи хабаргузории Reuters бо истинод ба як мақоми амрикоӣ, ки номаш ошкор нашудааст, ин чораҳо дар сурати ба ҳисоби миёна дар тӯли як ҳафта дар марз дар як рӯз анҷом дода шудани беш аз 2500 боздошт ҷорӣ карда мешаванд ва вақте ки шумораи боздоштҳо дар як рӯз аз 1500 камтар мешавад, бекор карда мешаванд.

Ин мансабдор қайд кард, ки маҳдудиятҳо ба кӯдаконе, ки бидуни ҳамроҳии волидайн ё парасторашон марзро убур мекунанд, инчунин ба қурбониёни хариду фурӯши одамон ва онҳое, ки дар хатари ҷиддӣ қарор доранд, аз ҷумла аз нигоҳи тиббӣ, дахл надорад.

Президенти 45-уми ИМА Доналд Трамп дар як паёми видеоие, ки дар шабакаи иҷтимоии Truth Social нашр шудааст, аз тасмими Байден интиқод кард. Вай гуфт, фармони Байден шумораи муҳоҷиронро кам намекунад, балки ҷараёни онҳоро афзоиш хоҳад дод.

Пас аз ба курсии президенти ИМА омаданаш дар моҳи январи соли 2021 Ҷо Байден баҳсбарангезтарин фармонҳои перзиденти пешин Доналд Трамп, аз ҷумла қатъи сохтмони девор дар марз бо Мексикаро лағв кард. Reuters менависад, муҳоҷират ба як масъалаи асосии амрикоиҳо дар интихоботи ноябри соли 2024 табдил ёфтааст. Ҳам Байден ва ҳам Трамп дубора ба курсии президенти ИМА талош доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь