Дар изҳороти ҳукумати Доналд Трамп, ки рӯзи чоршанбе пахш шуд, ИМА аз Эрон талаб кард, ки  боздоштшудаҳои тазоҳуроти ахирро озод кунад.

Гуфта мешавад, ки хабари боздошт, шиканҷа ва куштори эътирозгарон ИМА-ро шадидан нигарон кардааст. Дар робита ба ин ИМА аз Эрон  талаб кард, ки ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ, аз ҷумла боздоштшудаҳои чанд рӯзи ахир озод шаванд.

Мақомот мегӯянд, чандсад нафарро боздошт карданд ва аксари онҳо озод шуданд. Аммо шумори дақиқи одамоне, ки дар робита ба ҳодисаҳои охири Эрон боздошт шуданд, расман эълон нашудааст. Намояндаи мардуми дар порлумони Эрон Маҳмуд Содиқӣ зикр кард, ки дар ҷараёни тазоҳурот ҳудудан 3 ҳазору 700 нафар боздошт шуданд. Дар задухӯрд бо полис бештар аз 20  нафар ҳалок шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here