Илёс Тешаев, варзишкори тоҷики муқими Русия, 19-уми апрел дар чемпионат панкратиони ин кишвар сазовори мақоми дуюм ва медали нуқра гардид.

Барои расидан то финали мусобиқа ӯ чор ҳарифро пеш аз мӯҳлат шикаст дод. Ӯ дар саҳифаи инстаграми худ изҳор доштааст, ки ин пирузиро барои амакаш, рузоманигори маъруфи кишвар Иқбол Тешаев, ки ду ҳафта пеш вафот карда буд, мебахшад.

“Охири ҳафтаи равон чемпионати панкратиони Русия баргузор гардид. Дар ин мусобиқа сазовори ҷои дуюм гардидам. Ғолибияти худро ба амаки худ, ки ду ҳафта пеш аз ин дунёро тарк кара буд, мебахшам. Ту доимо дар қалби мо ҳастӣ, туро ҳеҷ вақт фаромӯш намесозем”, – навиштааст Илёс Тешаев дар саҳифаи худ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь