Дар доираи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бинои хобгоҳи донишҷӯёни хориҷӣ, Маркази бақайдгирию тестӣ ва майдончаи варзиши теннис барои 200 нафар ба истифода дода шуд.

Ин маросим бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор шуд.

Нахуст, меҳмонон бо дастовардҳои донишкада шинос шуда, аз Маркази бақайдгирию тестӣ, ки бо усули замонавӣ барои нишасти зиёда аз 100 нафар донишҷӯ сохта шудааст, дидан намуда, сипас, дар майдончаи варзишии тозабунёд бо донишҷӯён суҳбат анҷом доданд.

Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаро ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно кард.

Сипас, меҳмонон аз бинои хобгоҳи №1 дидан карда, ба кори таъмиру таҷдид баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, зимни боздид аз биноҳои донишкада вазири маориф ва илм М. Имомзода ба устоди донишкада Г.Самадова нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”-ро тақдим кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь